Раҳоии даҳҳо афғон аз зиндонҳои Тоҷикистон дар пайи Қонуни афв

© Sputnik / Александр Гращенков / Гузариш ба медиабонкАфганистан
Афганистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Афғонистон дар пайи Қонуни афв аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳо шуда, ба Ватани хуб баргаштанд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ба иттилои сафорати Афғонистон дар Душанбе 64 шаҳрванди ин кишвар, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекарданд, ахиран дар пайи Қонуни афв раҳо шудаанд.

Тюремная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зиндонӣ дар Тоҷикистон: иттиҳом алайҳи вазири дифоъ ва собиқ раиси амният

Тавре як манбаъ аз сафорат ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, аксари афвшудаҳо бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир, убури ғайриқонунии марз ва дигар ҷиноятҳо зиндонӣ шуда буданд. Қонун “Дар бораи афв” моҳи октябри соли равон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон имзо шуда буд.

Ин бузургтарин афв дар таърихи Тоҷикистон арзёбӣ гардид, ки дар баробари ҳудуди 20 ҳазор гумонбар, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда татбиқ шуд.

Дар ин миён зиёда аз 7 ҳазор нафар аз зиндонҳо озод шуданд. Теъдоди дақиқи маҳбусони хориҷӣ то ба ҳол дақиқ нашудааст.  Қаблан хабар дода шуд, ки 5 зиндонии эронӣ ба сафорати Эрон дар Душанбе таслим шудаанд.

Раҳоии маҳбусони хориҷӣ бар асоси моддаи 3 – юми Қонуни авф сурат гирифтааст, ки тибқи он, хориҷиёни маҳкумшуда аз рӯи моддаҳои 130 (1) (тиҷорати инсон), 181 (гаравгонгирӣ), 200 (гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир), 237 (авбошӣ), 244 (дуздӣ), 247 (қаллобӣ), 281 (омода ва ба муомила баровардани пул ва коғазҳои қиматнок), 284 (муомилаи ғайриқонунии филизот ва сангҳои табиии гаронбаҳо ё марворидҳо), 307 (1) (даъвати умумӣ барои фаъолиятҳои экстремистӣ), 307 (2) (ташкил ва ширкат дар гуруҳи экстремистӣ), 307 (3) (таъсис ва ширкат дар фаъолияти созмони экстремистӣ), 335 (убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон) – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) озод мешаванд.

Афганистан - Sputnik Тоҷикистон
СММ: дар Афғонистон дар соли 2019 беш аз 370 ҳазор нафар овора шудааст

Ҳамсӯҳбати “Sputnik” дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ба далели ворид набудан ба ҷузъиёти мавзӯъ аз ироаи маълумоти бештар дар ин бора худдорӣ кард.

“Ин афрод ба сафорати Афғонистон дар Душанбе таслим шуданд ва дар ҳамдасти бо мақомти амниятии Тоҷикистон ба кишвари худ интиқол ёфтанд”, - афзуд вай.

Ин бори дуюм аст, ки танҳо соли равон шаҳрвандони Афғонистон ба таври дастҷамъӣ аз маҳбасҳои Тоҷикистон раҳо мешаванд. 28 июли соли равон 80 зиндоние, ки умдатан бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз дар зиндонҳои Тоҷикистон қарор доштанд, ба Афғонистон интиқол ёфтанд.

Ин раҳоӣ пас аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Салоҳуддин Раббонӣ, вазири вақти корҳои хориҷии Афғонистон, ки моҳи майи соли равон дар Душанбе иттифоқ афтод, муяссар шуд.

Тибқи тавофуқи ҷонибҳо Афғонистон муваззаф шуд, ки 8 ва Тоҷикистон 80 зиндониро ба якдигар таслим кунанд. Пас аз чанд рӯи ин мулоқот Афғонистон 8 зиндонии тоҷикро, ки умдатан барои ҳамдастӣ бо созмонҳои террористӣ маҳкум шуда буданд, ба Тоҷикистон таслим намуд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дигар ягон тоҷик дар зиндонҳои Афғонистон боқӣ намондааст. Истирдоди зиндониён дар пайи як созишномае ҳукми қонунӣ мегирад, ки соли 2010 миёни вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон ба имзо расида, аз сӯи парлумони ҳарду кишварҳо ба тасвиб расидааст.

Беженцы в Европе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бозгашти беш аз 400 ҳазор шаҳрванди Афғонистон ба Ватан аз Эрон, Туркия ва Аврупо

Соли 2013 Тоҷикистон 14 маҳбусро ба Афғонистон таслим кард. Афғонистон низ чанд маҳбсуро ба Тоҷикистон дод. Тибқи иттилои сафорати Афғонистон, то моҳи июли соли равон дар зиндонҳои Тоҷикистон 214 шаҳрванди он кишвар зиндонӣ буданд, ки бо раҳоии 144 нафар 70 тани онҳо ҳамоно боқӣ мондаанд.

Ҳамсӯҳбати “Sputnik” гуфт, онҳое, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон боқӣ мондаанд, ҷурми сангинтар доранд, аз ҷумла даст ба омоли террористӣ задаанд ё ҳангоми интиқоли маводи мухаддир бо нерӯҳои марзбонии тоҷик вориди даргирии мусаллаҳона шуда, зарари ҷисмонӣ расонидаанд.

 “Онҳое афв шудаанд, ки ҷурми сабук доранд. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон сипосгузорӣ мекунем. Умедворем, бақия зиндониёнро низ таҳвил бигирем ва ба зиндонҳои Афғонистон мунтақил кунем, то хонаводаҳо ва ақорибашон битавонанд ба осонӣ ҳар аз гоҳе аз онҳо дидан намоянд”, - гуфт ин манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0