Зиндонӣ дар Тоҷикистон: иттиҳом алайҳи вазири дифоъ ва собиқ раиси амният

© PixabayТюремная вышка, архивное фото
Тюремная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расонаҳо вазири дифоъи феълӣ ва раиси амнияти собиқи Афғонистонро муттаҳам мекунанд, ки ду бор дар Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи мухаддир зиндонӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ин расонаҳо ба ин иддао, ки иттилоъ аз идораи амнияти Афғонистон ба даст омадааст, мегӯянд, Асадуллоҳ Холид, вазири дифоъи феълӣ ва собиқ раиси Раёсати амнияти миллии ин кишвар солҳои 90 – уми асри гузашта бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ду бор аз сӯи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон боздошт шудааст.

Афганистан - Sputnik Тоҷикистон
СММ: дар Афғонистон дар соли 2019 беш аз 370 ҳазор нафар овора шудааст

"Холид соли 1996 ногаҳон ба Амрико сафар кард. Бо суқути Кобул (сентябри соли 1996) ба дасти Толибон дар Толиқон ва Мазори Шариф дар гашту гузор буд ва сипас, бо он ки ҳукумати Тоҷикистон ба вуруди вай ба хоки он кишвар розӣ набуд, ба ҳамкории пойгоҳи муқовимат (Ҷабҳаи Муттаҳиди зиддитолибон) вориди Тоҷикистон шуд", - навиштаанд расонаҳо.

Манобеи дигаре, ки расонаҳо иқтибос мекунанд, Шӯрои Наззор (ниҳоди низомии таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд) аст, ки бино ба он, “Асадуллоҳ Холид дар Тоҷикистон ба қочоқи маводи мухаддир рӯй овард ва аз тариқи мухобираи Ҷабҳа мустақим ва аланӣ интиқолот ва додуситади ҳероин аз бандари Ойхонум бо мафияи Русия ва Тоҷикистонро ҳидоят мекард”.

"Санади зинда ва мӯътабар гувоҳ аст, ки дар як маврид шонздаҳ бастаи ҳероин ба шабакаи сиёҳ таҳвил дода шуд, аммо ҳафт бастаи он баъдан дар Мазори Шариф кашф ва мусодира гардид. Холид ба мақомот гуфт, ки ҳероинро ба бозорҳои Русия интиқол намедиҳад, балки аз Мазори Шариф мехост ба Ойхонум интиқол диҳад. Бо идомаи вазъ вай аз сӯи неруҳои амниятии Тоҷикистон дастгир ва шаш моҳ дар зиндон буд", - омадааст дар хабар.
Ин бори аввал нест, ки Асадуллоҳ Холид ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешавад.

Соли 2012 вақте номзадии ӯ барои раҳбарии Раёсати амнияти миллии Афғонистон дар парлумони он кишвар ба баррасӣ гирифта шуд, Муҳиддин Маҳдӣ, намояндаи вилояти Бағлон дар ҷаласа гуфт, Асадуллоҳ Холид ду бор аз сӯи неруҳои амниятии Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст.

“Он замон банда корманди сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон будам ва аз ин моҷаро огоҳ ҳастам. Чунин инсон шоистаи ин маснад нест”, - гуфт Муҳиддин Маҳдӣ.

Маҳдӣ ҷое дигар дар посух ба ин суол, ки “ӯ чӣ тавр аз зиндон озод шуд?” гуфт, ӯ бо талошҳои Абураб Расули Сайёф, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи Муттаҳид аз ҳабс раҳо шудааст.

Беженцы в Европе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бозгашти беш аз 400 ҳазор шаҳрванди Афғонистон ба Ватан аз Эрон, Туркия ва Аврупо

“Сайёф аз марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд хоҳиш кард, ки дар ин робита бо мақомоти Тоҷикистон гуфтугӯ кунад. Масъуд алоқае ба ин мавзӯъ нишон надод, аммо хоҳишҳои мукаррари Сайёф – ҳампаймонаш дар ҷанг алайҳи Толибон ӯро маҷбур кард, то даст ба кор шавад. Он замон Тоҷикистон аз пуштибонони аслии Ҷабҳаи Муттаҳид буд ва ба хотири аҳдофе бузургтар гузашт намуд”, - гуфт Маҳдӣ.

Чизи дигаре, ки дар тарҷумаи ҳоли Асадуллоҳ Холид ба Тоҷикистон рабт мегирад, фориғуттаҳсили Донишгоҳи милии Тоҷикистон будани ӯст. Ӯ ҳамон солҳои 90 – ум факултаи ҳуқуқи ин донишгоҳро хатм кардааст ва расонаҳои Афғонистон инро ҳам таҳти шакку шубҳа қарор додаанд.

Назари мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин иддао феълан маълум нест.

Асадуллоҳ Холид яке аз афроди наздик ба Абураб Расули Сайёф, раҳбари Иттиҳоди исломии Афғонистон ва аз муттаҳидини боэътимоди Амрико ва НАТО аст. Ў аз соли 2001 то 2005 волии Ғазнӣ ва аз 2005 то 2008 волии Кандаҳор, пас аз он вазири сарҳадот, ақвом ва қабоил (2008 – 2012) ва раиси Раёсати амнияти Афғонистон (2012 – 2015) буд.

Аз моҳи декабри соли 2018 ба ин сӯ вазири дифоъи Афғонистон аст. Эътибори Холид пеши Амрико ва НАТО ба дараҷаест, ки моҳи декабри соли 2012 вақте дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ шадидан захм бардошт, оҷилан ба шифохонае дар Вирҷинияи Амрико интиқол ёфт ва Барак Обама, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба аёдати ӯ рафт.

Афганские талибы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мубодилаи маҳбусон сурат нагирифт: Толибон мегӯянд ҳукумати Афғонистон ваъдахилофӣ кард

Таваҷҷӯҳи расонаҳо ба гузаштаи Асадуллоҳи Холид дар ҳолест, ки ахиран ӯ зимни як паём ба мухолифини сиёсии раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ваъдаи саркӯби онҳоро дод.

Чанд дастаи интихоботии номзадони раёсатиҷумҳурии Афғонистон эълон карданд, ки даст ба эътирозҳои густарда хоҳанд зад. Мухолифин Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури феълӣ ва ҳам яке аз номзадҳоро ба тақаллуби густарда ва истифодаи захираҳои маъмурии давлат дар интихобот муттаҳам мекунанд.

Асадуллоҳ Холид аз Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ҳимоят мекунад ва эълон кард, ки Урдуи миллиро барои саркӯби мухолифин эъзом хоҳад кард. Изҳороти Холид мавҷи норизоиятиро дар ҷомиаи Афғонистон барпо кард, зеро қонунгузории ин кишвар дахолати артиш ва дигар мақомоти амниятиро дар интихобот манъ мекунад. Интихоботи раёсатиҷумҳурии Афғонистон 28 сентябри соли равон баргузор шуд, аммо то ба ҳол натиҷаҳо ва барандаи он эълон нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0