Муҳаммадрафӣ Кароматулло 56-уми солгарди зодрӯзи падарро дар Хуҷанд таҷлил мекунад

© Фото : Instagram / muhammadrafi.karomatulloПевец Мухаммадрофи Кароматулло, архивное фото
Певец Мухаммадрофи Кароматулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманд чанд суруди Кароматуллои Қурбонро бозхонӣ хоҳад кард ва сурудҳои тозаашро пешниҳоди мухлисон хоҳад намуд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Овозхони шинохтаи тоҷик Муҳаммадрофӣ Кароматулло имрӯз бахшида ба зодрӯзи падараш-ҳунарманди шаҳири тоҷик Кароматуллои Қурбон дар Хуҷанд ҳунарнамоӣ мекунад.

Имрӯз 29-уми ноябр агар Кароматуллои Қурбон дар қайди ҳаёт мебуд, 56-сола мешуд. Фарзандони ҳунарманд тайи чор сол аст, ки пайи ҳам ба хотири бузургдошти падар дар ин рӯз консерт медиҳанд.

Имсол Муҳаммадрафӣ Кароматулло тасмими гирифтааст, ки зодрӯзи падарро дар шаҳри Хуҷанд таҷлил кунад. Консерт, шоми имрӯз соати 17:00 дар Театри мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор хоҳад шуд.

Ҳунарманд якчанд суруди Кароматуллои Қурбонро бозхонӣ хоҳад кард ва сурудҳои тозаашро пешниҳоди мухлисон хоҳад намуд.

Кароматуллоҳи Қурбон, аз хушномтарин овозхонҳои тоҷики асри 20, ки соли 1992, дар синни ҳамагӣ 30-солагӣ кушта шуд, агар умр вафояш мекард, имрӯз ба синни 56 мерасид. Қатли Кароматуллоҳ ва аъзои гурӯҳи ҳунарии ӯ дар тирамоҳи соли 1992 аз ҷонсӯзтарин саҳифаҳои таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон шумурда мешавад.

Ӯ 29 ноябри соли 1961 дар шаҳри Кўлоб дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Ихтисоси касбиро соли 1982 дар Донишкадаи санъати шаҳри Душанбе  гирифтааст.

Дар давараи мактабию донишҷуиаш Караматуллои Қурбон алакай худро дар ҷодаи санъат нишон дода буд. Барои ҳамин баъди хатми донишкада таввонист  дар дастаи  пурҳунари "Гулшан" ҳунарнамоӣ кунад.

Ин овозхони нотакрори тоҷик соли 1992 аз дасти номардони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон кушта шуд.

Лентаи хабарҳо
0