ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Коргардони номии тоҷики узбакистонӣ Бақо Содиқ барои намоиши саҳнаи наве ба Тоҷикистон меояд. Намоишномаи тозаи коргардон "Қайс" нахуст дар зодгоҳаш шаҳри Бухоро ва баъдан дар Тоҷикистон ба саҳна гузошта мешавад.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон дӯсти ҳунарманд ва нависанда Муҳиддин Маҳмудов хабар дод, сафари коргардон дар моҳҳои март, дар арафаи таҷлили Наврӯз дар назар дошта шудааст.
Намоишнома аз рӯи асаре, ки худи коргардон якҷо бо писараш Улуғбек Содиқов навиштааст, омода гардидааст.
"Қайс" дар ҳошияи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбакистон дар се шаҳри бузурги Тоҷикистон - Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд намоиш дода мешавад. Ин гоми аввал дар роҳи эҳёи театри тоҷик дар Бухоро низ ҳаст", - таъкид мекунад Маҳмудов.
Ёдрас мешавем, Бақо Содиқ пештар гуфта буд, ки сенарияи филми тасаввуфиеро бо номи "Қайс" омода мекунад. Ба гуфтаи Маҳмудов, саҳнаи мазкур аз рӯи филмномаи "Қайс" омода шудааст.
Бақо Содиқ 13-уми июли соли 1941 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Вай Донишкадаи ҳунарпешагии Тошкандро хатм карда, соли 1996 дар Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекард. Ҳунарманд сипас ба Самарқанд кӯч баста, феълан дар Тошканд ба сар мебарад.
Бақо Содиқ чанд филми муштарак бо филмсозони Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо ба навор гирифтааст.
Филмҳои машҳури Бақо Содиқ "Адонис — XIV", "Гирдоб", "Имом ал-Бухорӣ", "Бухорои Шариф" ва ғайраҳо мебошанд.
Барои филми "Бухорои Шариф" дар соли 1993 Тоҷикистон Бақо Содиқро ба ҷоизаи "Рӯдакӣ" сазовор донистааст.