ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Коршинос Павел Тарусин ақидаашро дар бораи таваҷҷуҳи Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба пешниҳоди роҳбари Русия вобаста ба Шӯрои Русия оид ба корҳои байналмилалӣ ба радио Sputnik тавзеҳ дод.
Роҳбари Фаронса Эммануэл Макрон тайёр аст пешниҳоди президенти Русия Владимир Путинро дар бораи ҷорӣ намудани моратория ба гузоштани ракетаҳои миёнбурд дар Аврупоро баррасӣ намояд. Дар ин бора навиштааст рӯзномаи Frankfurter Allgemeine бо тасдиқ бар он, ки дар даст матни мактуби Макрон ба Путинро дорад.
Чихеле, ки чанде пеш котиби матбуотии Президенти Русия Дмитрий Песков гуфта буд, Владимир Путин ба роҳбарони кишварҳои асосии Аврупо ва Осиё оид ба мушакҳои миёнбурд паймон фиристода буд.
Президенти Фаронса чихеле, ки ин газета навиштааст 23 октябр ба мактуб ҷавоб дода, ваъда карда будааст, ки пешниҳоди Путинро бо диққат хоҳад омухт ва ҳамчунин ҳамкорҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар ин бора омухта мебарояд.
Павел Тарусин боварӣ дорад, ки Фаронса албатта ба гуфтушуниҳои оянда тасмим гирифта истодааст.
“Макрон кушиш мекунад ҳамкориҳои дуҷониба дӯстона ва боваринокро бо Русия ба роҳ монад, то ки имкони хатари рух додани ҷанг дар Аврупо аз байн равад. Аврупо ҳодисаҳои солҳои 70-уми асри ггузаштаро аз ёд набаровардааст, ки дар марказ ва ғарби Аврупо ракетаҳои Русия ва Амрико "Пионер" ва "Першинг" гузошта шуда буданд ва такрори инро намехоҳад. Ин дар ҳолест, ки Макрон ба НАТО на он қадар эътимод дорад. Макрон албатта мехоҳад, ки вобаста ба ин бо Русия гуфтушунид анҷом дода ин масъаларо мувофиқи имкон баррасӣ намояд”, - гуфт Павел Тарусин.
Дуюми августи соли ҷорӣ муҳлати эътимоди Шартнома дар бораи нест кардани мушакҳои миёнбурд ба анҷом расид.
Ташаббускорӣ ин Амрико буд ва Русияро бо ба иҷро накардани бандҳо ин шартнома айбдор карда буд. Аммо ҷониби Русия ин айбро ба гардан надорад.