Русия ба G7 бармегардад? Трамп ва Макрон тасмим гирфитанд Путинро ба G7 даъват намоянд

© AP / Susan WalshПрезидент Франции Эммануэль Макрон, президент Дональд Трамп и премьер-министр Японии Синдзо Абэ перед рабочей сессией на саммите G-20 в Осаке, Япония
Президент Франции Эммануэль Макрон, президент Дональд Трамп и премьер-министр Японии Синдзо Абэ перед рабочей сессией на саммите G-20 в Осаке, Япония - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари Кохи сафед дар охири ҳафтаи равон зимни баргузории ҳамоиши “Ҳафтгонаи бузург” дар Биарритса масъалаи бозгашти Русия ба гурӯҳи ҳафт кишвари пешрафтаи ҷаҳонро матраҳ хзоҳад кард

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пешниҳоди Эммануэл Макронрон, роҳбари Фаронсаро дар бораи даъвати Русия ба ҳамоиши G7, ки дар соли 2020 дар Амрико баргузор мешавад пазируфт, иттилоъ додааст дар Twitter хабарнигори CNN Кайли Атвуд дар истинод ба сарчашма аз дастгоҳи раисҷумҳури Амрико.

Рабочий визит президента РФ В. Путина в Японию для участия в саммите Группы двадцати - Sputnik Тоҷикистон
Трамп гуфт Путин "бачаи зӯр" аст

Ҷузъиёти сӯҳбати телефонии Путин ва Трамп маълум шуд

Интизор меравад, ки роҳбари Кохи сафед ин масъаларо зимни баргузории ҳамоиши “Ҳафтгонаи бузург” дар Биарритса матраҳ хоҳад кард. бояд қайд намуд, ки қаблан Трамп гуфта буд, ки барои бозгашти Русия ба ҳамоиши “Ҳафтгонаи бузург” мухолиф нест.

Расонаҳо дар бораи умедвориҳои Трамп аз дидор бо Путин хабар доданд

Тибқи иттилои манбаъ, Трамп ва Макрон зимни суҳбати телефонӣ рози шуданд, ки Русияро ба ҳамоиши ояндаи G7, ки сли 2020 баргузор мешавад даъват намоянд.

Дар ҳамин ҳол,  рӯзноманигор таъкид намудааст, ки ин иқдом бо ташаббуси раисҷумҳури фаронса сурат гирифтааст.

Президент РФ Владимир Путин и президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Эътимоди Путин дар сатҳи ҷаҳонӣ аз Трамп бештар шудааст

Трамп ба Путин занг зад: сӯҳбати телефонии президентҳо

Бояд қайд намуд, ки Валдимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни мулоқот бо Эммануэл Макрон, ҳамтои фаронсавиаш гуфт Русия аз мулоқот бо кишварҳои “Ҳафтгонаи бузург” даст накашидааст, ва Русия баро худ ҳадаф нагузоштааст, ки ин ҳамоишро ба “ҳаштгонаи бузург” табдил диҳад.

Ёдрас мешавем, ки Русияро пас аз ҳодисаҳои Қрим ва Украина дар соли 2014 аз G8 ронданд ва ин ҳамоиш ба  G7 табдил ёфт.

Лентаи хабарҳо
0