Ташвиши КДАМ: терроризм оилавӣ мешавад?

© AP / Lefteris PitarakisЖенщины беженцы с детьми из Сирии, архивное фото
Женщины беженцы с детьми из Сирии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳузури 48 зани тоҷик дар зиндонҳои Сурияву Ироқро ташвишовар хонд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Муҳаммад Саидов, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гуфт, дар ҳоли ҳозир 15 зани тоҷик дар Сурия ва 33 нафар дар Ироқ дар маҳбасҳо ба сар мебаранд ва адои ҷазо мекунанд. Ӯ ин вазъро ташвишовар хонд.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ: дар ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” 9 мард, 11 зан ва 13 ноболиғ иштирок кардаанд

Намояндаи КДАМ дар конфронсе таҳти унвони “Мустаҳкамии оила – асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд”, ки 26 ноябр, дар Душанбе баргузор шуд, сӯҳбат мекард, ҳамлаи 6 ноябри соли 2019 ба посгоҳи марзбонии “Ишқобод” дар марзи Тоҷикистону Узбакистонро низ аламовар хонд.

Баҳси ҳамлаи “Ишқобод” бо ҳузури Раҳмон ва ҳифзи марз-аксҳо

“Ин ҳодиса гувоҳи он аст, ки аъзо ва пайравони ташкилоти террористии оилавӣ ворид гардида, дар ин ҳодиса 9 нафар мард, 11 нафар зан ва 13 ноболиғ аз 4 то 15 – сола сокинони вилояти Суғд фаъолият ва иштирок намуданд, ки аламовар мебошад”, - гуфт Муҳаммад Саидов.

Намояндаи КДАМ ба ин низ ишора кард, ки новобаста аз қатъ гардидани фаъолият ва ташкилоти террористӣ эътироф шудани Ҳизби наҳзати исломӣ қисми зиёди фаъолону раҳбарони он бо аҳли оилаи худ дар хориҷи мамлакат, аз ҷумла Аврупо қарор дошта, “дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти тахрибии идеологӣ бар зидди сохти конститутсионии ҶТ машғул мебошанд”.

Муҳаммад Саидов бо ишора ба ин, ки зан – модар ҷойгоҳи хос дар хонаводаи мардуми тоҷик дорад, арқомеро ироа кард, ки қобили мулоҳиза мебошанд.

Вай гуфт, танҳо дар соли 2019 алайҳи 60 зан бо иттиҳоми робита бо ҷараёнҳои террористию экстремистӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ҳамаи онҳо дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доранд.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе. - Sputnik Тоҷикистон
Дасти Амрико дар ҳамлаи ДОИШ ба "Ишқобод"? Ду сенарияи “Форс”

Шӯрои уламо вокуниш ба ҳамла дар дидбонгоҳи “Ишқобод”-ро нашр кардааст

Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, тайи солҳои 2013 ба 2019 алайҳи зиёда аз 400 зан бо иттиҳомоти ҷалбу иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар кишварҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз шудаву мавриди тафтиш қарор доранд.

“Шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ҷараёни ифротгароии салафия то ҳол боқӣ мондааст”, - гуфт намояндаи КДАМ.

Аз додаҳои мақомоти Тоҷикистон бармеояд, ки ҳамлаи 6 ноябри соли равон ба посгоҳи марзбонии “Ишқобод” дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон боризтарин намунаи оилавӣ шудани терроризм будааст. Тибқи иттилои КДАМ, дар ин ҳамла аслан аъзои ду оила ширкат доштанд.

Лентаи хабарҳо
0