КДАМ: дар ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” 9 мард, 11 зан ва 13 ноболиғ иштирок кардаанд

© МВД Республики ТаджикистанКадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе
Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон имрӯз дар яке аз конфронсҳои баргузоршуда дар шаҳри Душанбе баъзе ҷузъиёти ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар марзи Тоҷикистону Узбакистонро ошкор кардааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронс дар мавзӯи “Мустаҳкамии оила – асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд” баргузор гардид, ки дар он намояндаи КДАМ зимни суханрониаш тафсилоти нави ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” – ро ошкор кард, иттилоъ дод ба Sputnik Тоҷикистон масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар Сабоҳат Мамадалиева.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе. - Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламо вокуниш ба ҳамла дар дидбонгоҳи “Ишқобод”-ро нашр кардааст

Зимни суханрониаш Муҳаммад Саидов, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар ҳодисае, ки рӯзи 6-уми ноябр соли равон дар дидбонгоҳи “Ишқобод” сурат гирифт, 9 мард, 11 зан ва 13 ноболиғи аз чаҳор то понздаҳсола иштирок намуданд.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи КДАМ дар ин нишаст нагуфтааст, ки тақдири ноболиғоне, ки дар ин ҳамла иштирок карданд чӣ шудааст.

Муҳаммад Саидов таъкид доштааст, ки ҳодисае санаи 6 ноябри соли равон ба вуҷуъ пайваст, ба сабаби хунукназарии мақомоти амниятӣ ва дигар вазорати идораҳову сохторҳои маҳалла ва деҳаву оила сурат гирифтааст.

Ҳамзамон вай афзуд, ки ин афрод фаъолияти худро дар Суғд ба роҳ монда, як моҳ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар як ҳуҷра зиндагӣ кардаанд.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси ҳамлаи “Ишқобод” бо ҳузури Раҳмон ва ҳифзи марз-аксҳо

“Онҳо зиёда аз 30 нафар дар як ҳуҷа зиндагӣ мекарданд. Раиси маҳалла онҳоро дид, корманди камуналӣ онҳоро дид, нозири минтақавӣ дид, ҳама бетарафӣ зоҳир карданд ", -қайд кард вай.

Муҳаммад Саидов зикр намудааст, ки бисёриҳо сабаби ифротишавии сокинонро камбизоатӣ унвон мекунанд, аммо таҳқиқоти ҳодиса нишон дод, ки оилаҳое, ки дар ин ҳамла ширкат доштанд шароити хуби зиндагӣ доштанд.

Ба гуфтаи намояндаи КДАМ, тафтиши гуруҳ нишон додааст, ки дороии роҳбари гуруҳи ҳамлаварон Ғафуров Шуҳрат Аъзамович беш аз 1 миллион сомонӣ будааст.

Ёдрас мешавем, ки Қаблан гуруҳи террористии ДОИШ бо интишори баёнияе дар сомонаи Аъмоқ масъулияти ҳамлаи шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи “Ишқобод” ва куштани 10 тан аз низомиёни тоҷикро бар уҳда гирифтааст.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
ДОИШ масъулияти ҳамлаи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро бар уҳда гирифт

Ҳамлаи Анвар бо хешон ва дасти тоҷирони Корвон: 21 кушта дар "Ишқобод"

Мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон он замон эълон намуда буданд, ки шумори нерӯҳои ҳукуматии кушта шуда дар ин даргириро ду нафар ва талафоти муҳоҷимонро 15 тан эълом карда буданд. Аммо манобеи хабарии мустақил бо истинод ба маросими хоксупории ҷанозаи низомиёни кушташуда дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон шумори талафоти марзбонони тоҷикро 6 нафар эълом кардаанд.

Қаблан мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дода буданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0