Тазоҳургарон аз ҳукумати Қирғизистон талаб намуданд, то собиқ муовини роҳбари гумрук Раҳим Матраимов боздошт шавад.
Гирдиҳамоӣ тақрибан соати 11:30 дақиқа оғоз ёфта то 1,5 соат тӯл кашид. Шаҳрвандони норизо аз кори сохтори гумруки ҷумҳурӣ ва алалхусус аз фасодкории собиқ муовини роҳбари гумрук изҳори нигаронӣ намуда, талаб кардан, ки Раҳим Матраимов ба иллати даст доштан дар фасод боздошт шавад.
Тазоҳуроти савдогарони бозор ва талаби вохӯрӣ бо раиси шаҳр - акс
Гузашта аз ин эътирозгарон тақозо намуданд, ки ҳамаи ришваситонҳо боздошт ва равонаи зиндон шаванд.
Гуфта мешавад, бо талаби ин дархостҳо ба кӯчаҳои Бишкек наздики 1200 нафар рехта, шиорҳо алайҳи ҳукумат бардошта, садо баланд мекарданд.
Илова бар ин, эътирозгарон корти зард ба давлат нишон доданд ва ба гуфтаи баргузоркунандагон пас аз корти зард корти сурх ба кор бурда хоҳад шуд.
Амрико ба оташи хашми тазоҳургарони Эрон равған мерезад
Гирдиҳамоӣ бо хондани суруди миллии Қирғизистон оғоз шуд ва мӯътаризон беш аз 1соат дар муқобили кохи раёсатҷумҳурӣ таҷаммӯъ карданд.
Мақомоти давлатӣ барои гуфтугӯ дар ҷамъи эътирозгарон зоҳир нашуданд ва таҷаммӯъ бидуни натиҷа поён ёфт.