ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар вокуниши нашркардаи Шӯрои уламо, ҳамла ба “Ишқобод” нақшаи душманони хориҷии давлати Тоҷикистон арзёбӣ шудааст, ки тариқи гумоштагони пинҳонӣ роҳандозӣ гардидааст.
Абдушукур Тӯраев, сархатиби шаҳри Истаравшан ва муаллифи вокуниш, навиштааст, ҳамлае, ки аз ҷониби террористон дар дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” ба вуқӯъ омад, аҳли ҷомеа, аз ҷумла бандаро сахт мутаассир ва мутаассиф сохт.
“Дар тааҷҷубем ки онҳо чигуна махлуқоти бадтаринанд, ки аз хунрезию фасодкорӣ хаста намегарданд ва ҳарвақт мардумро ба тарсу ҳарос гирифтор карда, ба таҳлука меандозанд”, - омадааст дар матлаб.
Тӯраев афзудааст, маълум аст, ки ҳамаи ин нақшаҳои душманони хориҷии Давлати мост, ки ба воситаи гумоштагони пинҳонии худ роҳандозӣ мекунанд.
Нашри вокуниши сархатиби Истаравшан дар ҳолест, ки ба иттилои расида, ҳамлагарон ба дидбонгоҳи "Ишқобод" зодаи шаҳри мазкур будаанд.
“Ба ҳар ҳол, мо зиёдтар ҳушёрию зиракиро ба кор андозем ва аз шарри онҳо эмин бошем ва ҳамеша хоҳони он бошем, ки Худованд ба ҳамаи мақомоти дахлдор ва сарҳадбонони Ватани азиз қувват ва мадад ато кунад, ки ҳаёти осоиштаи мардум вобаста ба хидмати онон мебошад. Бигзор Худованд шаҳидшудагонро раҳмату мағфират кунад”, - омадааст дар вокуниши нашркардаи Шӯрои уламо.
Қаблан гуруҳи террористии ДОИШ бо интишори баёнияе дар сомонаи Аъмоқ масъулияти ҳамлаи шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи “Ишқобод” ва куштани 10 тан аз низомиёни тоҷикро бар уҳда гирифтааст.
Мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон шумори нерӯҳои ҳукуматии кушта шуда дар ин даргириро ду нафар ва талафоти муҳоҷимонро 15 тан эълом карда буданд. Аммо манобеи хабарии мустақил бо истинод ба маросими хоксупории ҷанозаи низомиёни кушташуда дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон шумори талафоти марзбонони тоҷикро 6 нафар эълом кардаанд.
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дода буданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.