Анҷоми нахустин сафари "Суғдсинамо" ба Маскав - навор

© акс аз СуғдсинамоЛаҳзаи сабти филм дар Маскав
Лаҳзаи сабти филм дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайати эҷодию техникии филми ҳунарии киностудияи "Суғдсинамо" бо номи "Наставник" (Мураббӣ) банаворгирии саҳнаҳо дар шаҳри Маскавро ҳамроҳ бо филмсозони кишвари Русия ба анҷом расонидаанд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Зимнан ин нахустин сафари ҳайати киностудияи "Суғдсинамо" ба хориҷи кишвар гуфта мешавад, ки дар ҳамкори бо маркази продюсеррии "Футура магнум"-  и Русия сурат гирифтааст.

Зайниддин Орифӣ, котиби матбуотии "Суғдсинамо" дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, банаворгирии саҳнаҳои ҷолиби филм дар вокзали Қазон, бозори Преображенский, анбори сабзавот ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Маскав бо иштироки қаҳрамони марказии филм Кароматуло Қурбонов анқариб як моҳ тӯл кашидааст.

Даъвати "Бункер" якбора ба се ҷашнвора

Дар кори нақшвоварии саҳнаҳои филми "Наставник" як қатор ҳунарпешагони машҳури театру синамои Русия ба мисли Александр Песков, Михаил Горевой, Людмила Фирсова , Александр Елизарэ, Анзор Камаридинов, Годжа Сургуладзе иштирок кардаанд.

"Ба дунболи ин сафар, тими "Суғдсинамо" аз мактаби бузурги киносозони Русия, истифодаи усулҳои техникаи навтарин, шиносоӣ аз кору маҳорати ҳунармандон аз наздик шинос шуданд ва дар худ таасуроти нек бардоштанд", -  афзуд Орифӣ

Дар шаҳри Маскав барои ин тасмими филмсозони тоҷик, продюсер Игор Зотов ва рассом таҳиягар Мавлодод Фаросатшоев кӯмак кардаанд.

Нигина Раҷабова, рассоми либос дар "Суғдсинамо" иброз дошт, ки дар кори ба наворгирии саҳнаҳои филм, 374 дона либосу пойафзолро аз Хуҷанд ба Маскав овардаанд, вале боз ҳам 32 дона ба амонат сарулибос лозим омад. Дар умум барои сабти саҳнаҳои филм бештар аз 3750 адад либосу пойафзол истифода шудааст.

Мальчишки верхом на осле в Шахристанском районе Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиаи шаҳри Шӯроб: "Зарфҳои холиро бо оби борон пур карда, мемонем"
Мухиддин Музаффар директори киностудияи "Суғдсинамо" таъкид дошт, ки ин сафар аз он ҷиҳат ҷолиб буд, ки ҳунармандони ҳирфаӣ Александр Песков, Михаил Горевой, Людмила Фирсова тавассути нақшофарӣ барои дигарон намунаи ибрат буданд. Ҳамчунин худи ҳайати гуруҳ ба кори киносозӣ аз наздик шинос гардида мубодилаи таҷриба намуд.

Филми ҳунарии "Наставник" (Мураббӣ) шарҳиҳолӣ буда, аз рӯзгори шахсияти шинохта, мураббии соҳибкорон, бизнес-тренери сатҳи байналхалқӣ ва бунёдгузори ширкати байналмилалии рушди инсон "САМО", доктори илмҳои психологӣ Саидмурод Давлатов қисса мекунад.

Баргузории Ҳафтаи филмҳои русӣ дар Душанбе

Мазмуни филми мазкур ин аст, ки як ҷавони муқаррарии тоҷик аз як деҳаи дурдасттарин алайҳи ҳама мушкилоти зиндагӣ мубориза бурда, комёб ва шуҳратёр мегардад. Ин ҷавони рустоӣ пайроҳаи пурпечутоби ҳаётро тай намуда, тадриҷан ба зинаҳои камолот мерасад.

Инчунин, саҳнаҳои дигар, аз ҷумла айёми талхи кӯдакӣ ва бепадарӣ дар ҳалқаи оилаи серфарзанд аз лаҳзаҳои зиндагии қаҳрамони филми мазкур ба шумор мераванд, ки ҳар бинандаро ба андеша кардан водор месозанд.

Меҳнати машаққатбор дар ишвари дигар, мушкилоти муҳоҷирати ғайрирасмӣ ва муносибати сарди милисаҳои порагир аз лаҳзаҳои филманд. Дар баробари ин, нахустин комёбии молиявӣ ва муфлисшавии ногаҳониро дар ин филм инъикос мешавад, ки фаъолияти ин соҳибкори муваффақро бозгуй мекунад.

Зрители в кинотеатре, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе “Ҳафтаи филмҳои русӣ” баргузор мегардад
Илнур Гафатуллин, сарвари маркази продюсерии "Футура магнум" афзудааст, ки саҳнаҳои пуртазоди филм ва дигар шудани саҳнаҳои он ҷолиб буда, таваҷҷӯҳи тамошобинро ба худ ҷалб месозад.

Зайниддин Орифӣ мегуяд, наворгирии қисмати дигари филми "Наставник" (Мураббӣ) дар шаҳрҳои Қазоқистон ва Қирғизистон ҳанӯз идома дорад.

Дар филм, ба ҳисоби ситораҳои театр ва синамои тоҷик, ҳунармандон кишварҳои Русия, Қазокистон ва Қирғизистон иштирок намоянд. Нахустнамоиши филми ҳунарии "Наставник" (Мураббӣ) баҳори соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0