Фоҷиаи шаҳри Шӯроб: "Зарфҳои холиро бо оби борон пур карда, мемонем"

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешМальчишки верхом на осле в Шахристанском районе Таджикистана, архивное фото
Мальчишки верхом на осле в Шахристанском районе Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бегоҳи рӯзи сешанбе, 12 ноябр, дар толори синамои “Зебуннисо”, мақари Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон филми мустанади “Шӯроб” дар пешниҳоди студияи “АртСтудио” барои нахустин бор ба намоиш гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Шӯроби ноҳияи Исфара дар замони Шӯравӣ яке аз шаҳрҳои саноатӣ ва рӯ ба рушди Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Дар он 15 ҳазор нафар ба намояндагӣ аз 18 қавму миллат зиндагӣ доштанд. Истихроҷи ангишт дар ин шаҳр солона ба як миллион тон мерасид ва аксари сокинон дар шахтаҳо кор мекарданд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ЮНЕСКО - Sputnik Тоҷикистон
Шаш пешниҳоди Раҳмон дар Аврупо ва бозгашт: аз таъсиси Бунёд то кумакхоҳӣ

Шаҳр пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар як муддати кӯтоҳ холӣ шуд, чун истихроҷи ангишт қатъ гардид ва аксари сокинон шуғли зиндагии худро аз даст доданд. Кори Шӯроб ба ин ҷо кашид, ки аз соли 2006 ба ин сӯ интиқоли об ба шаҳр комилан қатъ гардид.

Филми мустанади “Шӯроб” – и коргардон Дилошӯб Орифзода ва муаллифи сенария Далери Эмомалӣ маҳз ба ин мушкили сокинони шаҳр, ки ҳоло теъдодашон ба 2,5 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст, бахшида шудааст.

Дилошӯб Орифзода ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо Шӯроб дар гузашта зимни наворгирии яке аз филмҳояш ошно шуда, то ба ҳол таҳти таъсири фоҷиаҳои ногуфтаи он қарор дошт.

“Ин як шаҳри барои ман пур аз сирру асрор аст. Бубинед, чаҳор мактаби ободу замонавӣ дорад ва фақат яке кор мекунад, аммо он дуи дигар хароб нашудаанд. Як шифохонаи 200 – бистара ва маризи кам дорад, аммо кормандонаш тибқи реҷае, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ вуҷуд дошт, кор мекунанд. Ҳатто дари дӯкони шаҳр ба мисли ҳамон даврон аз соати 1 то 3 баста аст. Ё китобдор ҳар рӯз сари кор аст, ҳарчанд хонандагон ба нудрат он ҷо пайдо мешаванд”, – мегӯяд Орифзода.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар ҷаласаи назоратӣ - Sputnik Тоҷикистон
Файзов: об дар Бадахшон зиёду соҳибкорон онро аз берун оварда, мефурӯшанд

Коргардон мегӯяд, дар филм мавзӯи обро меҳвар қарор дод, зеро тавре ба назар мерасад, ободиву барбодии ин шаҳри бузург, аммо тиҳӣ аз мардум. Маҳз ба ин манбаи аслии ҳаёт бастагӣ дорад.

Сокинони Шӯроб дар филм қисса мекунанд, ки оби шаҳр пурра аз берун ворид карда мешавад ва 100 литри онро ба 5 сомонӣ мехаранд. Онҳо ҳатто аз ҳар ронандаи озими маркази ноҳия хоҳиш мекунанд, ки барояшон оби ширин биёрад.

“Борон як хурсандии зиндагии мост ва намегузорем, ки ҳайфу майл шавад. Зарфҳои холиро бо оби борон пур карда, мемонем. Ҳатто дастшӯиро ба дарахт бастаем, то обаш дарахтро саршор кунад” – қисса мекунад яке аз омӯзгорони Шӯроб.

Дилошӯб Орифзода мегӯяд, дар ин шаҳрак гул мерӯяд, аммо ношукуфта хазон мешавад, зеро об нест. Ин филми мустанад бо кӯмаки молиявии Агентии рушди байнулмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва “Интернюс”-и Тоҷикистон таҳия шудааст. Нахустнамоиши он бо ширкати аҳли синамову қалам баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0