Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевКупюры сомони
Купюры сомони - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурби фурӯши 1000 рубл дар бозори нақди Тоҷикистон имрӯз то ба 154 сомонию 50 дирам расидааст, ки баландтарин нишондод тайи моҳҳои охир мебошад

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз дар ташкилоти қарзии кишвар қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ бо ҳисоби миёна аз 0.1519 то 0.1545  сомониро ташкил медиҳад.

Новый министр финансов РТ Каххорзода Файзиддин - Sputnik Тоҷикистон
Пешбинии Ҳукумат: эълони қурби доллар барои соли 2020

Ин дар ҳолест, ки бархе аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон имрӯз қурби як рублро зимни харид 0.1505 ва зимни фурӯш 0.1520 сомонӣ нишон додаанд.

Ба иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши 1 доллари нақд имррӯз дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 9.6926  то 9.7000 сомонӣ ва 1 евро аз 10.7239 то 10.8000 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод дар бозори ғайринақдӣ қурби расмиро барои 1 доллари ИМА - 9.6926  сомонӣ, 1 евро - 10. 7239 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1519  сомонӣ муқаррар кардааст.

БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз дафтари асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Лентаи хабарҳо
0