ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд соҳибкор Расулов Муродулло дар деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ бо пули худаш маркзи хизматрасонӣ бунёд кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, бинои мазкур дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон сохта шудааст.
Тавре манбаъ таъкид намудааст, маркази хизматрасонӣ бо харҷи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Манбаъ зикр намудааст, ки иншооти ҷашнӣ аз туйхона, мағозаи тиҷоратӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона, китобхона, нуқтаи таъмири асбобхои барқӣ ва меҳмонхона иборат будааст.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Соҳибкор Абдувоҳид Қулиев бо сарфи 5,5 миллион сомонӣ дар шаҳри Истаравшан Маркази фароғатию тиҷоратии “Истаравшан-ситӣ” бунёд кард.
Бино бар иттилои манбаъ, бинои истиқоматии баландошёна ва Маркази фароғатию тиҷоратии “Истаравшан-ситӣ”, дорои 8 ошёна иборат мебошад.