Раҳмон дар Бишкек бо Путин, Лукашенко ва ҳамсояҳо амниятро баррасӣ мекунад

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 28 ноябр дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Бишкек иштирок мекунад

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар ин нишаст инчунин иштироки президентҳои Русия – Владимир Путин,  Қазоқистон – Қосим - Жомарт Тоқаев,  Белорусия – Александр Лукашенко, Қирғизистон – Сооронбой Жээнбеков ва сарвазири Арманистон, Никол Пашинян дар назар аст, хабар додаст котиботи СААД.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси ҳамлаи “Ишқобод” бо ҳузури Раҳмон ва ҳифзи марз-аксҳо

Ба иттилои манбаъ аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Қаблан сарони кишварҳои узви СААД барои кумак дар ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон қарор қабул карданд, аммо мақомоти тоҷик аз таъхиркорӣ дар татбиқи ин қарор гила карданд.

Дониёр Содиқов, мудири бахши сиёсати хориҷии дастгоҳи раисиҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, дар маҷмуъ дар ин ҳамоиш баррасии 20 масъалаи бахшҳои гуногун дар назар аст.

Дар доираи ин ҳамоиш инчунин мулоқоти вазирони мудофиа, вазирони умури хориҷӣ, котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви созмон дар назар аст.

Ҳамлаи Анвар бо хешон ва дасти тоҷирони Корвон: 21 кушта дар "Ишқобод"

Баҳси таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар ҳолест, ки моҳи равон мақомоти тоҷик гузориш доданд, ки ҷангиёни “ДОИШ” аз қаламрави Афғонистон марзро убур карда, ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар марз бо Узбакистон ҳамла намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0