Ҷоизаи 30 ҳазор долларӣ ба шоири тоҷик дода шуд: таърифи Убайдуллоев

© дафтари матбуоти Маҷлиси миллии ТоҷикистонМаҳмадсаид Убайдуллуоев, раиси Маҷлиси миллӣ ҳангоми гирифтани ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов, ки ба шоир Муҳаммад Ғоиб эъто шуд
Маҳмадсаид Убайдуллуоев, раиси Маҷлиси миллӣ ҳангоми гирифтани ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов, ки ба шоир Муҳаммад Ғоиб эъто шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон имсол ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматовро ба Муҳаммад Ғоиб, шоири тоҷик тақдим кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ҷоизаи мазкур, ки маблағаш 30 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад, ба Муҳаммад Ғоиб дар Қасри Таврическийи Санкт Петербург сазовор дониста шуд.

В Таджикистане определились призёры конкурса Лучшая статья и поэма о жизни и творчестве Садриддин Айни - Sputnik Тоҷикистон
Шеъри "Айнӣ"-и Муҳаммад Ғоиб дар озмуни Вазорати фарҳанг пирӯз шуд

Ҷоизасупорӣ дар доираи ҷаласаи 50-уми Ассамблея, ки рӯзҳои 21 ва 22 ноябр дар Санкт-Петербург гузашт, баргузор гардида, дар ҷамъбасти ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои парлумонҳои кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ ба рӯзноманигорон гузориш дод.

Убайдуллоев барои эътои ҷоизаи адабии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба номи Чингиз Айтматов ба Шӯрои Ассамблея изҳори сипос намуд.

Раиси Маҷлиси миллӣ аз Муҳаммад Ғоиб тавсиф кард, ки эҷодияташ ғояҳои башардӯстӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба халқро фаро мегирад. Қаблан Маҷлиси миллӣ ба Ассамблея пешниҳод карда буд, ки дар соли 2019 бо ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов, Муҳаммад Ғоиб, шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шавад. Ин ҷоиза соли 2012 таъсис дода шуда, ҳамасола ба намояндагони шинохтаи адабиёту фарҳанги қаламрави ИДМ эъто мегардад.

Муҳаммад Ғоиб - шоир, узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС, Шоири халқии Тоҷикистон (2001), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008) мебошад.

Полки с книгами - Sputnik Тоҷикистон
Ато Мирхоҷа, Рустам Ваҳҳоб, Муҳаммад Ғоиб барандаи озмуни "Китоби сол-2017" шуданд

Муҳаммад Ғоиб 16 марти соли 1954 таваллуд шуда, соли 1977 факултети физикаю метематикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Муҳаммад Ғоиб баъди хатми донишкада соли 1977 ба ҳайси мухбири Кумитаи телевизион ва радио дар минтақаи Кӯлоб ба фаъолият шурӯъ карда, аз соли 1987 то соли 1990 мухбири ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" дар ин минтақа буд. Номбурда аз соли 1990 то соли 1995 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои собиқ вилояти Кӯлоб, аз соли 1995 то соли 1997 роҳбари қароргоҳи ҳукуматии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, аз соли 1997 то соли 2000 –ум раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, аз соли 2000 –ум то соли 2004 муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, аз соли 2004 то соли 2008 директори Киностудияи "Тоҷикфилм" аз соли 2008 то 2012 директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон буд.

Лентаи хабарҳо
0