Дар гузаргоҳи “Фотеҳобод” ва “Саразм” нуқтаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон таъкид намудааст, ки нуқтаҳои нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ бо мақсади рушди сайёҳӣ дар кишвар роҳандозӣшудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар назди гузаргоҳи наздисарҳадии “Фотеҳобод”-и ноҳияи Мастчоҳ нуқтаи нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин манбаъ қайд намудааст, ки ҳафтаи гузашта низ ҳамин гуна нуқтаи хизматрасонӣ дар гузаргоҳи наздисарҳадии “Саразм”-и шаҳри Панҷакент мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон гардишгаронро "пахтачинӣ" мебаранд: хатсайри нави сайёҳӣ

Дар ҳамин ҳол, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар додааст, ки ба фаъолият шурӯъ намудани чунин нуқтаҳо бо мақсади рушди сайёҳӣ дар мамлакат роҳандозӣ гардида, натиҷаи ҳамкории шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ва ширкати алоқаи мобилии Tcell мебошад.

Ҳамзамон манбаъ қайд зикр намудааст, ки нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар ноҳияи Мастчоҳ чорумин нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар вилояти Суғд аст, ки дари худро барои хизмат расонидан ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ боз намудааст.

“Дар ин нуқтаҳои хизматрасонӣ, ки дар мавзеъҳои намоёну дастрас ҷойгиранд, сайёҳи муроҷиаткунанда метавонад барои муоширати мобилӣ аз ширкати Tcell симкорти сайёҳии ройгон дастрас намояд. Дар тавозуни он 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет барои истифода то ба охир расидани муҳлати раводид, ки 45 шабонарӯзро дар бар мегирад, мавҷуд аст. Ҳангоми дар қайд гузоштан муҳлат тамдид карда мешавад”,- қайд намудааст манбаъ. 

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки тариқи бастани шартомаи тарафайн бо шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ба сайёҳ хизматрасонии роҳбаладӣ аз ҳисоби кормандони милитсияи сайёҳӣ расонида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0