ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Раёсати “Тоҷиксктандарт” вилояти Суғд, мутахассисони “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон 60 тонна равғани пахтаи ғайристандартӣ, ки маблағи умумии он 407 ҳазору 261 сомониро ташкил медиҳад, ошкор намуданд.
Хабаргузории АМИТ “Хавар” дар истинода ба Раёсати “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд таъкид намудааст, ки мутахассисони шуъбаи баҳодиҳии мутобиқат бо дархости ҶДММ “Элита Тиҷорат” дар анбори ҶДММ “Сомон 2017” дар шаҳри Бӯстон корҳои сертификатсионӣ гузаронида, аз 60 тонна маҳсулоти равғани пахта намуна гирифта, ба озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ барои ташхис супориданд.
“Ташхис нишон дод, ки 60 тонна равғани пахтаи софкардашудаи доғнакардаи навъи якуми воридотӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои номаълум будани санаи истеҳсол, мавҷудияти бӯйҳои бегона ва баланд будани рангнокӣ ба талаботи СБД 1128-75 ва Регламенти техникии Тоҷикистон “Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ” мутобиқат намекунад”, - қайд намудааст манбаъ.
Дар асоси талаботи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрока” соҳиби маҳсулоти хатарнок уҳдадор шуд, ки давоми 10 рӯзи корӣ онро аз қаламрави Тоҷикистон берун барорад.
Бо дарназардошти ин, дар ҳамкорӣ бо намояндагони Хадамоти гумрук миқдори умумии 60 тонна равғани пахтаи ғайристандартӣ, ки маблағи умумии он 407 ҳазору 261 сомониро ташкил медод, 30 октябр тибқи низоми “Реэкспорт” аз қаламрави Тоҷикистон берун бароварда шуд.
Раёсати “Тоҷикстандарт” аз ҳамаи соҳибкорону воридкунандагони маҳсулоти ғизоӣ хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ворид намудани молу маҳсулот ба қаламрави кишвар манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузошта, ба ворид гаштани маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ ба қаламрави Тоҷикистон роҳ надиҳанд.