Пешниҳоди ахбори носаҳеҳ ба Президент: эроди Раҳмон аз ёвар, Ятимов ва додситони кул-видео

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонҶаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон
Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки судяҳоро бо фармонаш таъину барканор мекунад, аз он нигаронӣ намуд, ки зимни интихобу ҷобаҷогузорӣ дар мавриди кадрҳо барояш маълумоти ғалат ва ахбори на он қадар саҳеҳ пешниҳод мешавад

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбат дар бораи фасодкории додрасҳо дар кишвар, аз Асадулло Раҳмонов, ёвараш дар умури кадрҳо, Сайммуъмин Ятимов, раиси КДАМ, Юсуф Раҳмон, додситони кул ва раёсати Ожонси мубориза бо фасод эрод гирифт, ки маълумоти пешниҳодкардаашон дар мавриди бархе кадрҳо саҳеҳу воқеӣ нестанд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
“Судяҳои коррупсионер”: 24 мард, 1 зан... дар даҳ сол

Раисиҷумҳур зикр кард, ки дар вақти интихобу ҷобаҷогузорӣ, кадрҳо мавриди омӯзиш қарор мегиранд, аммо баъдан маълум мешавад, ки ахбори ироашуда дар мавридашон на он қадар саҳеҳ аст.

“Асадулло Қиматович, дар вақти интихобу ҷо ба ҷо кардани кадрҳо, Саймуъмин Сатторович, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, прокурори генералӣ, дар бораи ҳар яки инҳо маълумот ҳаст, меомӯзед. Маълум мешавад, ки 50 фоизе, ки мо меомӯзем, рӯякӣ аст. Маълумот ғалат аст. Ахборот на он қадар саҳеҳ аст”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба роҳбарон.

Ӯ дар муроҷиат ба додрасҳо афзуд, савганд ёд мекунанд, ҳамчун фарзандам насиҳат мекунам, аммо 6 моҳ нашуда даст ба ҷиноят мезананд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зарурати тоза сохтани мақомоти додгоҳиро аз шахсони тасодуфӣ таъкид намуда, дастур дод, ки дар масъалаи интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи судягӣ донишу маҳорат ва сифатҳои ахлоқии онҳо мавриди омӯзишу санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0