Падару писар кӯдакистони рӯси - англисизабони "Табассуми офтобак"- ро ифтитоҳ намуданд

© пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр Душанбе Рустам Эмомали
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таълиму тарбия дар кӯдакистони хусусии "Табассуми офтобак" бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар ноҳияи Сино бинои муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Табассуми офтобакр" -ро ифтитоҳ намуданд.

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мусобиқаи футболбозони наврас дар шаҳри Гулистон  - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Раҳмон ба масъулин барои ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русию англисӣ

Бар хабари дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, аснои кушодашавии ин муассиса ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 300 нафар кӯдакон дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, кӯдакистон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ, оилаи Табаралиевҳо сохташудаастбо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаст.

Ифтитоҳи кӯдакистони нав ва таъкиди раиси Душанбе: кӯдакон ояндаи миллатанд

Маврид ба зикр аст, ки таълиму тарбия дар ин кӯдакистони хусусӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, наздики 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон бинои ситоди отряди сохтмонии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-ро ифтитоҳ кард

Дар муассиса барои рушди зеҳнии кӯдакон маҳфилҳои расмкашӣ, кулолгарӣ ва хореография созмон дода шуда, ҷиҳати рушди ҷисмонии онҳо бошад, машғулиятҳои шиноварӣ ва гимнастикаи солимгардонӣ ба роҳ монда шудааст.

Кӯдакистон ҳамзамон дорои нуқтаи тиббӣ, ошхона, толори мусиқӣ, ҳуҷраи методӣ, кинотеатр, утоқҳои коргарону роҳбарон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад. Дар таҳхонаи бино ҳавзи шиноварии зимистона, таҷҳизоти барқӣ ва дигар шароити маишӣ ҷойгиранд.

Бо қарори Рустам: Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони меҳмонхонаи Ҷунайдулло Азизов оғоз бахшид

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ин даргоҳи маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Лентаи хабарҳо
0