Супориши Раҳмон ба масъулин барои ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русию англисӣ

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонИштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мусобиқаи футболбозони наврас дар шаҳри Гулистон
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мусобиқаи футболбозони наврас дар шаҳри Гулистон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бинои Қасри фарҳанг ва кӯдакистони хусусиро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, Эмомалӣ Раҳмон, дар маросими ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод иштирок кард.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Раҳмон аз фориғболии масъулин ва супоришҳои қатъӣ ба роҳбарон

Бино бар иттилои манбаъ, бинои Қасри фарҳанг баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор гирифт.

Бино бар иттилои манбаъ бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои 9 толори омӯзишӣ ва маҳфилҳо, аз ҷумла маҳфили драма, сурудхонӣ, рубобнавозӣ, иттиҳоди дӯстдорони “Килки сабз”, карнайнавозӣ, доиранавозӣ, шашмақом, рақс, шоҳмот, толори васеъ барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бо 478 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ, китобхонаи бачагона, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Дафтари матбуоти Президент хотиррасон шудааст, ки бинои Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Зафаробод ҳанӯз соли 1971 бунёд гардида, бо сабаби солҳои зиёд хизмат намудан фарсуда шуда, ба таъмири асосӣ ниёз пайдо карда буд.

Сипас дар толори Қасри фарҳанг Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари кишвар барномаи консертии аҳли фарҳанги ноҳияро, тамошо кард.

Инчунин, манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳамин ҷо аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба аҳли фарҳанги ноҳия асбобҳои мусиқӣ тақдим карда шуд.

Баъд аз ифтитоҳи қасри фарҳанг Эмомалӣ Раҳмон дар як маросими тантанавӣ бинои нави кӯдакистони хусусии “Афсона”-ро барои 200 нафар кӯдак ифтитоҳ намуд.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Идомаи сафари корӣ: ба истиқболи Раҳмон 2,5 ҳазор сокинон ноҳияи Зафаробод баромаданд

Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи навбунёди таҳсилоти томактабӣ барои беҳтар сохтани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инкишофи зеҳнии кӯдакон, ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Афсона” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шаҳло Кенҷаева бунёд гардида аст. Барои таълиму тарбияи хонандагон омӯзгорони ботаҷриба ҷалб карда шуда, таҳсил бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар марказ ва деҳоти ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1000 нафар кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки дар доираи корҳои ободонӣ то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар ноҳия бунёду навсозии боз 2 кӯдакистони дигар ба нақша гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0