Путин намояндагони Ғарбро гуфт, ки онҳоро чӣ интизор аст

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин посетил 11-й Инвестиционный форум ВТБ Капитал "Россия зовет!"
Президент РФ В. Путин посетил 11-й Инвестиционный форум ВТБ Капитал Россия зовет! - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳар як баромади Владимир Путин дар форуми сармоягузории “Россия зовет!” – ин як "ҳодисае" на танҳо барои фазои иттилооти Русия, балки тамоми дунё мебошад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik, Иван Данилов. Президенти Русия, ин яке аз намунаҳои роҳбарони кишварҳои абарқудрати ҷаҳон мебошад ҳамеша таёр аст ба дилхоҳ саволи рӯзноманигорони дунё ҷавобҳои мувофиқ гардонад.

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Путин омили асосии пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравиро зикр кард

Аммо форуми “Россия зовет!” – ин имконе барои пай бурдани мақсадҳои сармоягузорон, бонкдорон, иқтисодчиён ва саноаткорон аз тамоми дунё мебошад, ки дарн ин чорабинӣ ширкат меварзанд. Машваратҳои онҳоро метавон як навъ таҳлили иҷтимоӣ хонд, ки дар навбати худ метавонанд огоҳи аз вазъи онҳое, ки капиталҳои калони дунёро дар даст доранд, диҳанд.

Агар саволҳои имсоларо бо солҳо гузашта, ки ба Путин дода шуда буданд муқоиса кунем дар ҳол пай мебарем, ки то куҷо дар соҳаҳои нави сармоягузорию бонкдориҳои хориҷиён ҷой барои Украина ва таҳримҳои нав ба Русия кам мондааст.

Вобаста ба ин ҳама саволҳои гуногун дода шуданд, аммо эҳсос мешуд, ки ин ҳама он чизе нест, ки барои меҳмонони форум аввалиндараҷа бошад. Шояд ин ба он вобаста буд, ки алакай ҳама ба мавҷудияти таҳримҳо ва мушкилиҳои нотамоми Украина одат кардаанд. 

Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон
Путин дидгоҳаш дар бораи Зеленскийро тавзеҳ дод

Якум ин, ки – на Украина ва на таҳримҳои пай дар пай наметавонанд ба сифати омили асосии таъсиркунанда ба иқтисоди Русия дар оянда баромад кунанд (инро бояд сармоягузорон дарк кунанд).

Вақти он расидааст, ки маҳз дигар масоил баррасӣ карда шаванд: тағйирёбии иқлим, ояндаи бозори ҷаҳонии нафт, хатари оғози пастшавии иқтисодиёти ҷаҳон ва оқибатҳои ҷанги иқтисодӣ миёни Амрико ва Чин.

Роҳбари Русия ишора ба муваффақиятҳои бозори фондӣ ва дороиҳои молиявии Русия миёни кишварҳои Аврупо кард.

“Аз рӯи рушди бозори фондӣ дороиҳои молиявии Русия, истеҳсолоти ватанӣ, ширкатҳо ва имкониятҳои онҳо диққати шарикони хориҷии моро ба худ ҷалб мекунанд. <…> Муҳим он, ки диқатии онҳо ба дороиҳои молиявии бо мақсади сармоягузорӣ, барпо кардани истеҳсолоти нав ва ҷойҳои корӣ, бо асоснокии мавқеъ пайдо кардан дар бозори ҷаҳонӣ амали гардад”, - гуфт Путин.

Гуфтагӣ барин аксияҳои русӣ калонтарин ва фоидавовартарин бозори фондии дунё ба ҳисоб гирифта шудааст, ки бисёр таҳлилгарон аз ин дар ҳайрат мондаанд. Аз рӯи баҳогузории мутахассиси Сбербанк оид ба бозори қоғазҳои қиматнок, Коула Эйксона индекси бозори Русия MSCI Russia фоидаи пурра аз оғози сол 44% афзудааст.

Рабочая поездка президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон
Трамп, Зеленский ва С-400: Путин дар анҷоми саммити БРИКС аз чӣ гуфт

Президенти Русия бори дигар нишон дод, ки ҳамкори ва сармоягузорӣ бо Русия ва дар ин кишвар хатаре надорад. Вай тавзеҳ дод, ки маблағи Фонди рушди миллӣ дар соҳаҳои нафту газ сармоягузорӣ карда намешаванд (ба истиснои рушди технология, ки аз сабаби таҳримҳо ворид кардан мушкил аст), ҳамчунин ин маблағҳо ба рушди инфрасохтор ва истеҳсолоти технологияи баланд равона мегарданд.

Путин ҳамчунин илова кардаааст, ки коркарди нафти ИМА аз рушд боз мондааст ва дарони пурсамарияш гузаштааст ва ин ба Русия барои боқӣ мондан дар ҷои анъанавияш дар бозори ҷаҳонии нафт хатаре надорад.

Ҳамчунин Путин аз тағйири иқлим изҳори ақида кард.Вай илова намуд, ки бе рушди соҳаҳои гуногун, ки метавонанд ба тағйири иқлим сабабгор бошанд рушди инсоният имкон надорад. Бояд истеҳсолот ва рушд идома дода шаванд.

Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Совета глав государств СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Посухи Путин ба пешниҳоди Назарбоев барои мулоқот бо Зеленский дар Қазоқистон - навор

Роҳбари Русия муҳарики рушди кишварро дар лоиҳаҳои миллӣ ва сармоягузориҳои дохилӣ арзёбӣ кард.

“Дар иқтисодиёти Русия мо ба роҳ мондани роҳи сармоягузории навро барои баромадан ба ҳаҷмии ҳарсолаи маблағгузори ба капитали асосӣ 25% ва дар оянда 27% ММД. Ин кор имкони амалӣ гаштанро дорад агар агар ба инобат гирем, ки дар соли ҷорӣ аз рӯи баҳодиҳии пешаки ин нишондиҳанда 21,6% ташкил медиҳад”, - афзуд Путин.

Чун анъана Путин ба саволҳое. Ки дигарон кӯшиш мекунанд ҷавоб надиҳанд ҷавобҳои ҳамаро ба ҳайрат оваранда дод. Масалан, ба саволи ҳаммонандии Иттиҳоди Аврупо бо ИҶШС қайд кард, ки омили пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин инкишофи милллатгароӣ набуд, балки номуфиддияти сиёсати иқтисодӣ дар солҳои охир буд.

Рабочая поездка президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон
Путин шартҳои нави Русия барои содироти нафт ба Тоҷикистонро тасдиқ кард

"Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба афзоиши миллатгароӣ дар давлатҳои Балтика ҳеҷ алоқамандӣ надорад. Он ба иллати бесамарии сиёсати иқтисодӣ пош хӯрд", - афзудаст Владимир Путин.

Ба гуфтаи Путин Итттиҳоди Аврупо аз ИҶШС фарқ дорад, аммо баъзе ҳолатҳои монандро низ дар он пайдо кардан мумкин аст.  

Дар форуми “Россия завет!” сармоягузорони хориҷӣ Русияеро диданд, ки ба таҳримҳои тоб оварда, макро-иқтисодашро нигоҳ дошта, ҳатто чанде маблағ ҳам ҷамъ карда тавонистааст, ки то ки барои рушди ояндааш сарф кунад.

Метавон тахмин кард, ки албатта миёни сармоягузорони аврупоӣ, амрикоӣ, чинӣ ва ғайраҳо ёфт мешаванд хоҳишмандоне, ки мехоҳанд дар рушди иқтисодиёти Русия саҳми худро гузоран.

Лентаи хабарҳо
0