ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Зимнан раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба пешниҳоди назарбоев бобати мулоқот намудан бо ҳамтои украинии худ дар Қазоқистон посух дод.
Назарбоев зимни мулоқот дар "Клуби Остона" пешниҳод намуд, ки мулоқоти кишвардори украина Владимир Зеленский ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар Қазоқистон баргузор шавад.
"Нурсултон Абишевич - бисёр инсони соҳибэҳтиром аст. Ӯ сиёсатмадори қавӣ аст ва ман бо назарбоев муносибати қарин дорам. Ӯ барои муддати дароз дар украина ба сар мебурд, ва ин давлатро бисёр хуб медонад ва ба ман ҳар бор муносибати худ бо Украинаро нишон медиҳад....Ӯ пайваста мегӯяд, ки Украина набояд барои дарёфти хушбахтӣ он тарафи уқёнусро убур кунад, балки гуфтушунидҳоро бо ҳамсоякишвар бояд барқарор кунад", - изҳор намудаст Путин.
Ба гуфтаи Назарбоев, раисҷумҳури Украина ба пешниҳодӣ ӯ дар бораи мулоқот дар минтақаи бетараф розӣ шудааст.
Сиёсатмадор таъкид намудааст, ки ҳоло барои Зеленский муҳлате расидааст, ки иродаи қавь нишон диҳад ва масъалаҳои баҳснокро ҳал намояд.
Бояд гуфт, ки Қазоқистон борҳо мулоқотҳои чандҷонибаро дар қаламрави худ баргузор мекунад. Маҳз дар соли 2017 дар ин кишвар музокироти сулҳи Сурия оғоз гардид.
Ёдрас мешавем, ки Украина Русияро барои дахолат дар кашмакашҳои дохилӣ дар ҷануб шарқи кишвараш ва ворид намудани низомиён ва тасарруфи Қрим айбдор мекунад. Зиддият алакай 5 сол аст, ки идома дорад.