Маҳмадбековҳо дар "Тоскулоҳи бузурги Осака - 2019": яке довталаб, яке мухлис

© International Judo FederationТаджикский спортсмен Сомон Махмадбеков
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷопон мизбони мусобиқоти ҷудои "Osaka Grand Slam 2019" ё “Тоскулоҳи бузурги Осака – 2019” хоҳад буд, ки рӯзҳои 22-24 ноябр дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Сафҳаи "Tajik Sport" хабар медиҳад, ки ду паҳлавони номвари тоҷик - Сомон Маҳмадбеков ва Маҳмадбек Маҳмадбеков дар мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонии ҷудо - "Osaka Grand Slam 2019" ширкат меварзанд.

"Сомон дар ин мусобиқа Тоҷикистонро муаррифӣ ва Маҳмадбек ӯро мухлисӣ мекунад", – омадааст дар хабар.

Ҷопон мизбони мусобиқоти ҷудои "Osaka Grand Slam 2019" ё "Тоскулоҳи бузурги Осака – 2019" хоҳад буд, ки рӯзҳои 22-24 ноябр дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад.

Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба Ҷопон меравад

Бино ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар ин мусобиқот аз 5 қитъаву 94 кишвар 534 нафар ширкат хоҳанд кард. Аз ин шумора 307 нафар мард ва 227 зананд.

Аз Тоҷикистон, ба ҷуз Сомон Маҳмадбеков, ду нафари дигар – Беҳрӯзи Хоҷазод ва Акмал Муродов низ дар ин мусобиқот низ нерӯ хоҳанд озмуд.

Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷаҳонпаҳлавон Сомон Маҳмадбеков

Сомону Беҳруз дар вазни 73 ва Акмал Муродов дар вазни 81 кг. Дар вазни 73 кг 38 ва дар вазни 81 50 ҷудокор аз кишварҳои Русия, Ҷопон, Канада, Руминия, Қазоқистон, Олмон, Фаронса, Арабистони Саудӣ ва ғайра қувваозмоӣ мекунанд.

Барномаи "Тоскулоҳи бузурги Осака – 2019" ба тариқи зайл аст: рӯзи ҷумъа, 22 ноябр, занони зери 48, 52 ва 57 кг, мардони то 60 ва 66 кг, рӯзи шанбе, 23 ноябр, занони то 63 ва 70 кг, мардони зери вазни 60 ва то 66 кг, рӯзи якшанбе, 24 ноябр, занони зери вазни 78 ва болотар аз 78, мардони то 90, 100 ва болотар аз 100 кг ба масофи ҳамдигар хоҳанд рафт.

Мулоқоти ноибони Эмомалӣ Раҳмон бо Сомон Маҳмадбеков-акс

Сомон ва Маҳмадбек Маҳмадбековҳо амакписарон буда, дар мусобиҳоти ҷаҳонӣ аввалӣ Тоҷикистон ва дигарӣ Русияро муаррифӣ мекунанд. Маҳмадбек дар як мусобиқаи дигар, ки 30 ноябр дар Ҳонг Конги Чин баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0