Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба Ҷопон меравад

© International Judo FederationТаджикский спортсмен Сомон Махмадбеков
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Се паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Акмал Муродов дар Ҷопон дар мусобиқаи “Osaka Grand Slam 2019” иштирок хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Аз 22  то 24  ноябр шаҳри Осакаи Ҷопон мизбони Мусобиқаи “Osaka Grand Slam 2019” интихоб шудааст, иттилоъ дода шудааст дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалӣ Ҷудо.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ қарор аст, 593 нафар  варзишгари шинохта,  аз ҷумла, 343 мард ва 250 зан аз 99 кишвари ҷаҳон иштирок намояд.

Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова - Sputnik Тоҷикистон
Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷаҳонпаҳлавон Сомон Маҳмадбеков

Тоҷикистонро дар  Мусобиқаи “Osaka Grand Slam 2019” се паҳлавони маъруф  — Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73кг) ва Акмал Муродов (-81кг) намояндагӣ мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки пештар Сомон Маҳмадбеков дар Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни 73 кило бар варзишгарони Кеп Верд - Семедо Клаудиано, Қирғизистон - Асад Масабиров, Белгия - Абдул Малик Умаев, дар чорякфинал бар намояндаи Итолиё - Эдуардо Мелла, дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Руссия дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро миёни ҷавонон сазовор гардид.

Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ дар радабандии олимпии вазни -73 килои Федератсияи ҷаҳонии ҷудо аз ҷои 21-ум ба мақоми 14-ум ва дар радабандии ҷаҳонӣ аз ҷои 31-ум ба ҷои 19-ум баромад. Миёни ҷавонон бошад, 57 зина боло баромада, ҷои аввалро ишғол мекунад.

Сомон Маҳмадбекови 20-сола аз соли 2015 дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо иштирок мекунад ва то ин вақт медалҳои тиллои Ҷоми Африқо миёни ҷавонон (Тунис, 2017), Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Арад, 2017), Ҷоми Осиё миёни калонсолон (Ҳанг Конг, 2018), медали нуқраи Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Коимбра, 2018), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017)-ро мушарраф гардида, дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон соли 2019 дар Токио маҳорати хуб нишон дода, ҷои 5-умро ишғол кард.

Лентаи хабарҳо
0