Сояи истиқлолият: Иттиҳоди Аврупо аз системаи молиявии ИМА ҷудо мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешДоллары, архивное фото
Доллары, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қариб 20 бонки Аврупо, махсусан бонкҳои Олмон ва Фаронса Deutsche Bank ба коркарди системаи ягонаи пардохт шуруъ карданд, ки он ивазкунандаи Visa ва Mastercard-и амрикоӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik, Алексндр Лесных. Иттиҳоди Аврупо расман сиёсати озоди иқтисодию молиявӣ  бурда истодааст, аммо дар амал қариб ҳамаи кор дар Брюсел ҳал мешавад. Дигар кишварҳое, ки ҳисобу доду гирифти берунаашон бо доллар анҷом меёбад ба чунин аҳвол гирифторанд.

Политолог, старший советник президента германо-российской Внешнеторговой Палаты Александр Рар на XI заседании клуба Валдай в Сочи. - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: даврони Аврупо гузашт, навбат ба Осиё мерасад

Кишварҳои Аврупо бори аввал ин мушкилотро дар миёнаҳои соли 2018 пай бурданд, ки ин ҳангоми таҳримҳои Амрико ба Эрон буд. ИМА эълон карда буд, ки ҳар касе аз Эрон нафт харидорӣ мекунад, ӯро низ таҳримҳо интизоранд. Дар ин ҳол ба кишварщои Иттиҳоди Аврупо саволе ба миён омад – аз Эрон нафт харид ва ё худро аз таҳримҳои Амрико эмин нигоҳ дошт.

Мушкилии асоси сари он буд, ки ашёи хом ба воситаи системаи пардохти байнибонкии SWIFT ҳисобу китоб мешуд, ки ин таҳти назорати Амрико қарор дорад. Мақомоти ИМА метавонад дастраси ба онро масдуд кунад, ки ин баробар ба қатъи тиҷорат мебошад.

Аврупоиҳо пай бурданд, ки Амрико бо ҳар роҳ метавонад онҳоро ба воситаи системаи байнибонкии SWIFT таҳдид кунад ва онҳо ба хулосае омаданд ситемаи нави пардохти байнибонкии INSTEX созанд.

Антифейковый проект сайта МИД РФ на экране компьютера - Sputnik Тоҷикистон
Аврупо ба кишварҳои Осиёи Миёна дар мубориза ба хабарҳои фейк дар ВАО кумак хоҳад кард

Ҳамин тариқ Аврупо кори якыоя анҷомдодаи Русияву Чину Ҳиндустон, ки алакай системаҳои муштараки пардохти худро – СПФС ва CIPS - доранд, пеш гирифтанд.

Ин кор ба ҷуз озод будан аз таҳдидҳои Амрико сари ҳар гардиш метавонад воситае барои беқурб гардонидани доллар бошад. Ҳамчунин ҳисобу китоби доду гирифт ба воситаи асъори миллӣ сурат мегирад.

Кишварҳои Аврупои ба доштани системаи пардохти байнибонкии худ бе таъсири Амрико бовари пайдо кардаанд ва 20 бонки кишварҳои Аврупо лоиҳаеро бо номи PEPSI (Pan-European Payment System Initiative), ба роҳ андохтаанд, ки дар оянда системаҳои Visa и Mastercard-ро иваз хоҳанд кард.

Работа контейнерного терминала Калининградского морского торгового порта - Sputnik Тоҷикистон
Додугирифт миёни Русияву Тоҷикистон наздик ба як миллиард доллар расид
Системаи пардохти PEPSI на танҳо ба кишварҳои Аврупо имкон медиҳад, ки бо Эрон ва дигар кишварҳои барои Амрико номувофиқ ҳамкориҳои иқтисодӣ ва доду гирифти молӣ анҷом диҳанд. Ҳамин тариқ системаҳои пардохтии амрикои аз доштани маълумот дар бораи он ки чӣ қадар пул кишварҳои Аврупо расход мекунанд, маҳрум мегарданд.

Системаи нави пардохт барои Русия ва дигар кишварҳо, низ муфид мебошад, ва гуфтушунид миёни кишварҳо бе розигии Амрико осон мегардад. Ҳамчунин ба наздикӣ богяд корти Мир-и русиро дар кишварҳои Аврупо қабул карда шавад.

Ёддовар мешавем, ки алакай дар охирҳои моҳи август роҳбари Бонки Англия Марк Карнӣ эълон карда буд, ки доллар ба мустақилияти кишварҳо халал ворид мекунад ва он ҳамчун асъори захиравӣ хатар дорад ва пешниҳод карда буд, ки он ба ягон асъори рақамии нав иваз карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0