ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст ба маблағи умумии 126,2 миллион сомонӣ таъмири асосии 190,4 километр, таъмири ҷории 97,2 километр, сангфаршкунии 965,4 километр роҳ ва таъмиру барқарорсозии 76 кӯпрук бо дарозии 710 метр сурат гирифт.
Манбаъ инчунин зикр намудааст, ки дар даҳ моҳи соли равон таъмири асосии 118 километр ва сангфаршкунии 892 километр роҳи автомобилгард, барқарорсозии 40 кӯпрук, 75,1 километр хати оби нӯшиданӣ, бунёди 10 хонаи истиқоматии баландошёна, 1273 манзили истиқоматии шахсӣ ва 742 иншооти дигар анҷом дода шуд.
Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо азхудкунии маблағгузориҳои асосӣ ба маблағи 1 миллиарду 875 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкунӣ 1 миллиарду 304,4 миллион сомонӣ, корҳои пудратӣ 649,3 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 2 миллиарду 388,7 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон 1424 биною иншооти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 2 миллиарду 65 миллион сомонӣ, аз ҷумла, 61 мактаби дорои 8 ҳазору 43 ҷойи нишаст, 7 кӯдакистони дорои 190 ҷой, 82 иншооти соҳаи тандурустӣ, 7 иншооти соҳаи фарҳанг, 94 иншооти варзишию сайёҳӣ, 44 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд.