ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон боришоти зиёди барф боиси фаромадани тармаву кӯҳпораҳо гардида, роҳи Душанбе-Хоруғ масудуд гардидааст.
Бино бар иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ғафсии қабати барф шаҳри Хоруғ 35 сантиметр ва дар маҷмӯъ дар вилоят ба 75 сантиметр расида, сабаби ташвиши сокинон гардидаст.
Дар робита бо ин, дар ҳукумати вилояти Бадахшон бо иштироки раиси вилоят Ёдгор Файзов ҷаласаи фаврии ситоди сохторҳои вилоятӣ баргузор гардид, хабар медиҳад "Ховар".
Бино бар иттилои манбаъ, дар ситоди масъалаи пешгирии ҳолатҳои фавқулода, сари вақт тоза кардани роҳҳои мошингард аз барф ва таъмини фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои таълимию тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, дар муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят 38 тонна маводи сӯзишворӣ дар ихтиёри роҳсозон қарор дорад. Вале камчини техникаи роҳсозӣ ба мушоҳида мерасад, ки ин ҳолат сабаби ташвиш мебошад.
Бино ба иттилои масъулини Идораи хоҷагиҳои роҳҳои мошингарди вилоят, бинобар фаромадани 26 тарма дар роҳҳои мошингарди ҳудуди вилоят роҳҳо баста шудаанд.