Нӯҳ кӯчаву панҷ маҳаллаи Душанбе бебарқ монд

© © Sputnik / Амир ИсаевУлица в городе Душанбе, архивное фото
Улица в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе кӯчаҳои Душанбе барқ хомӯш мешавад

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар як қисми кӯчаҳои ноҳияҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан аз соати 09:00 то 16:00 қатъ карда мешавад.

Лампы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маҳдудияти барқӣ ё профилактика: имрӯз бархе аз кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе бебарқ мемонанд

Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, имрӯз   Кӯчаҳои  Рӯдакӣ, М.Турсунзода, Азизбекова,  маҳаллаи  Шафақ ноҳияи Сомонӣ бе неруи барқ мемонанд.

Интиқоли нерӯи барқ ба кӯчаҳои Кӯчаҳои Титова, Зебунисо, С.Айнӣ, маҳаллаҳои Каратегинская, Ховарон навоҳии Шоҳмансур низ муваққатан қатъ мегардад.

Ҳамзамон интиқоли нерӯи барқ дар маҳаллаҳои Сомон, Крупская, ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯчаҳои  Н.Махсум, Зарафшони ноҳияи Синои пойтахт қувваи барқ хомуш карда мешавад.

Тавре манбаъ зикр намудааст, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз мӯҳлати нишондода пайваст карда мешавад.

Отключение электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боз кӯчаҳои Душанбе бебарқ мемонанд: дар пойтахт дар як моҳ 18 бор барқ хомуш карда шуд

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти нерӯи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон карда буд, ки корҳои таъмирӣ ҳамакнун ба анҷом расиданд ва минбаъд сокинони пойтахтро бе барқ нахоҳанд монд.

Манбаъ қайд намуда буд, ки танҳо дар ҳолати рух додани садамаҳои техникӣ, эҳтимол интиқоли неруи барқ қатъ мегардад. Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе бо нашри ин  хабар, аз ҳамаи сокинони пойтахт даъваткарда буд, ки саривақт маблағи истифодаи неруи барқро пардохт намоянд. 

Инчунин, манбаъ барои сокинони ҳамаи ноҳияҳо, телефонҳои бовариро нашр намуда буд, ки дар сурати зарури метавонанд тамос бигиранд.

Лентаи хабарҳо
0