ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар як қисми кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан, аз соати 09:00 то 16:00 қатъ карда мегардад.
Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳри кӯчаҳои Пушкин, Ҳамзаалиев, Пролетарский ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Дустии Халқҳо, Хоруғ, Бадахшон, Маҳаллаҳои Каротегинская, Теппаҳои Шарқи ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Корхонаи Таҷеро, Маҳаллаҳои 1-уми май, Якатут, ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯчаи Ҷаббор Расулов, маҳаллаҳои Авул, Бунёдкорон, Чортеппа, ноҳияи Сино қувваи барқ хомӯш карда мешавад.
Тавре манбаъ зикр намудааст, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти неруи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.