Бозӣ мекард: сокини Рӯшон аснои тоза кардани саҳни мактаб кӯдаки 6 соларо пахш кард

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Ташкент
Города мира. Ташкент - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як хонандаи мактаб - интернати ноҳияи Рӯшони ВМКБ хабар медиҳад, ки аз беэҳтиётии корманди корхонаи манзилию коммуналии ин ноҳия ҷон аз даст додаст

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ноболиғи 6 - соларо дар саҳни мактаб - интернати ноҳияи Рӯшонро, ронандаи автомашинаи тамғаи "ГАЗ - 53" пахш намудаст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати ду ронанда дар ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, Давлатмамадов Довут, сокини 42 - сола, ноҳияи Рӯшон ҳангоми тоза кардани саҳни мактаб, кӯдаки 6 - соларо  бо мошинаш зер кардаст.

Чор куштаю се маҷруҳи вазнин дар Хатлон: на ҳамаи қурбониҳо шинохта шудаанд

Ҳодисаи нохуш рӯзи 18 - уми ноябри соли равон, тахминан соати 18:30 дақиқа рух додаст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "ГАЗ-53", Давлатмамадов Довут, ронандаи идораи корхонаи манзилию коммуналии ноҳияи Рушон, ҳангоми тоза кардани ҳавлии мактаб-интернати ноҳияи Рушон, хурдсол Миравазбеков Далери 6 - сола,  ки ба бозӣ машғул буд, пахш намудааст", - омадааст дар хабари манбаъ.

Гуфта мешавад, ноболиғ ҷароҳати вазмини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0