Бобоҷони чиноӣ луғати тоҷикӣ- чинӣ барои телефони ҳамроҳ омода кардаст

© SputnikТаджикский национальный университет. Архивное фото
Таджикский национальный университет. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ся Жан, ки худро ҳамчун Бобоҷон муаррифӣ мекунад, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, барои телефони ҳамроҳ луғат ба забони тоҷикӣ- чинӣ таҳия намудаст

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik.  Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ся Жан аввалин луғати тоҷикӣ-чинӣ барои телефони мобилиро таҳия намудаст, хабар медиҳад агентии "Ховар".

Бинои ДДТТ ба номи Сино. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ДДТТ луғати тиббиро ба нашр расонд

Манбаъ меафзояд, айни замон луғат дорои ҳазор калима аз забони тоҷикӣ ба чинӣ ва зиёда аз 5 ҳазор калима аз забони чинӣ ба тоҷикиро дарбар мегирад.

Худододов ба макотиб дар ВМКБ кумак кард

Ся Жан, ки худро Бобоҷон муаррифӣ мекунад, гуфтаст, ки ин корро ба хотири беҳтар намудани ҳолати мавҷудаи омӯзиши забонҳои тоҷикиву чинӣ барои дӯстдорони забон, таърих ва фарҳанги Тоҷикистону Чин анҷом додааст.

"Ман ҳангоми омӯхтани таърихи Тоҷикистон ба ҷамъоварии калимаҳои таърихӣ машғул шудам. Айни замон калимаҳои тоҷикиеро, ки ҳар рӯз истифода мешаванд, ҷамъоварӣ намуда, ба забони чинӣ тарҷума карда истодаам. Албатта, калимаҳои зиёде мавҷуданд, ки то ҳол ба барнома ворид нагардидаанд, вале марҳила ба марҳила кӯшиш менамоям онро пурратар намоям", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, Ся Жан феълан ба коркарди луғати чинӣ-суғдӣ ва чинӣ-яғнобӣ машғул аст. Ӯ тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи луғати мазкурро то ба 10 калима расонад.

Лентаи хабарҳо
0