ДДТТ луғати тиббиро ба нашр расонд

© wikimedia.orgБинои ДДТТ ба номи Сино. Акс аз бойгонӣ
Бинои ДДТТ ба номи Сино. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Луғат омӯзиши тибро бо забони тоҷикӣ осон карда, ба қавли роҳбарияти донишгоҳ китоби руйимизии пизишкон хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон луғати истилоҳоти тиббиро имсол ба нашр расонд, иттилоъ медиҳад АМИТ "Ховар" дар такя ба суханони масъулини ин боргоҳи илм.

"Муҳимтарин дастоварди кормандони илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соли равон нашри луғати дуҷилдаи тиббӣ мебошад",- иброз доштанд масъулини донишгоҳ дар нишасти матбуотӣ.

Луғат аз 60 ҳазор калима иборат буда, баробари истилоҳу вожаҳои муосири тиббӣ, инчунин истилоҳоти қадимаи он истифода шудааст.

Афзалияти ин луғат ба қавли намояндагони донишгоҳ дар он аст, ки истилоҳҳое, ки то ба имрӯз бо забони лотинӣ истифода мешуданд, тарзи дурусти навиштани онҳо бо алифбои форсӣ нишон дода шудааст.

Луғат омӯзиши илми тибро барои донишҷӯён бо забони тоҷикӣ осон карда, ба қавли роҳбарияти донишгоҳ китоби руйимизии пизишкон хоҳад шуд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0