ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. ВУД Тоҷикистон эълон кард, ки то 30 ноябр дар роҳҳои пойтахт амалиёти шартии “Таваққуф” гузаронда мешавад.
Тибқи гузориши ин ниҳод, бештар ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронандаҳое даст мезананд, ки мошинҳои гаронарзиш доранду ҳавобаландӣ ва худнамоишдиҳӣ мекунанд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки соҳибони мошинҳои қимат аз ҷумла сари гардиш, дар қатори дуюм, самти муқобили ҳаракат, зери аломатҳои манъкунандаи роҳ меистанду бо худнамоишдиҳӣ боиси роҳбандӣ мешаванд.
Сафаров, Эмомов, Ғуломов, Ризвонов, Ятимов ва дигарон
ВУД дар феҳрасти ронандаҳое, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд, Муъминҷон Фаттоҳев Ботурхонович, ронандаи “Тойота Прадо”, рақами давлатияш 2322, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисорро ном бурдаст, ки директори ширкати “Алюмин проюм” мебошад.
Инчунин Ятимов Носирҷон Абдуллоевич - ронандаи автомашинаи тамғаи "Лексус-470", рақами қайди давлатияш 237 ZE 01 зикр шудааст, ки дар мақоми сардори Маркази миллии патенти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон кор мекунад.
Дар идома ВУД тоҷирону кормандони ширкатҳои маъруфи кишварро ном бурдаст, ки бо мошинҳои гаронарзишашон ба нақзи қоидаҳои ҳаракат роҳ додаанд.
Аз ҷумла Хоҷаев Азизҷон, ронандаи "Тойота-Ландкрузер", рақами давлатиаш 1234 НЕ 01, Содиқов Гадоалӣ, ронандаи "Хонда", рақамаш 7770 ВТ 01, Ғуломов Шукрулло, ронандаи "БМВ", рақамаш 0333 НЕ 01, Салимов Саъдулло, ронандаи "Лексус", рақами қайди давлатияш 1000 ОН 03, Давлатзода Фаррух - ронандаи автомашинаи "Тойота-Прадо", рақами қайди давлатиаш 2888 АА 01 зикр шудаанд.
Дар идома номи Меликов Камолиддин - ронандаи “Тойота-Прадо”, рақамаи қайди давлатияш 0110 НН 01, Гусейнов Далер, ронандаи "Тойота-Прадо", рақамаш 3333 СТ 01, Меликов Остонақул, ронандаи Хундай", рақамаш 0101 YО 01, Сафаров Анис, ронандаи "Тойота", рақами давлатияш 4111 SS 01, Қобилов Одилҷон, ронандаи "Тойота-Кемри", рақами қайди давлатияш 2555 SS 01, Салимов Насибҷон, ронандаи "Мерседес", рақами қайди давлатияш 7775 АР 07, Раҳмонов Искандар Шукрихудоевич - ронандаи автомашинаи тамғаи "Тойота-Кемри", рақами қайди давлатияш 0005 РD 01 ва Ризвонов Баҳрулло Эмомович - ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", рақами қайди давлатияш 4444 ОR 01 омадааст.
Феълан маълум нест, ки номбурдаҳо дар мавриди ин гузориши мақомоти умури дохилии Тоҷикистон чӣ назар доранд.
Суҳбати Президент дар бораи худсарии фарзандони вазирону вакилон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қаблан зимни суҳбат дар бораи худсарии фарзандони мақомдорон дар роҳҳои кишвар изҳор дошт, ки ин падида пеш зиёд буд, аммо бо пурзӯр кардани ҷазои падарон барои қонуншикании фарзандон коҳиш ёфт.
Раисиҷумҳур гуфт, вазъ дар Душанбе баъди он ислоҳ шуд, ки тибқи талаботи қонун мансабдорон ё фарзандонашон, ки қонуни танзиму қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намекунанд, аз мақом барканор шуданд.
“Хизматчии давлатӣ, хоҳ вазир аст, хоҳ вакил аст, хоҳ муовини сарвазир, касе набошад, аз мансаб сабукдӯш гардид. Ором шуд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ афзуд, хизматчиёни давлатӣ бояд нахуст, фарзандони худро тарбия кунанду баъд дигаронро ташвиқу тарғиб намоянд.
“Фарзанди худашро тарбият карда наметавонад, вай чӣ гуна хизматчии давлатӣ дигаронро ташвиқу тарғиб мекунад? Дар ҳоле ки фарзанди худаш, гапашро намегирад”, - таъкид намуда буд Эмомалӣ Раҳмон.