ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Тибқи иттилои раёсати ВУД, як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо пешниҳоди навори қонуншиканиҳои ронандагон дар роҳ хостори муҷозоти онҳо шудааст.
"Пас аз бозпурсии ронандагон ва далелҳои овардашуда, муайян гардид, ки дар ҳақиқат ронандагони дар навор инъикосёфта ба аломатҳои ишоракунандаи роҳ итоат накарда, қоидавайронкунии дағали ҳаракати роҳро содир намудаанд", - омадааст дар иттилоия.
Раёсати ВУД муайян намудааст, ки ронандаҳои муттаҳам дар нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ - Давлатов Комил ронандаи автомашинаи "Ландкрузер - 200", Ибрагимов Дилшод ронандаи "Лексус-350", Фозилов Қобилҷон ронандаи "Тайота-Каролла", Юсупов Марадона - ронандаи "Лексус - 300", Файзуллоев Шавкатилло ронандаи "Деу-сиело", Ҷамолиддин Мадиброн ронандаи автомашинаи "ВАЗ-21214" мебошанд.
Милитсия дар шигифт: боздошти ронандае, ки ба ҳуқуқвайронкунии бесобиқа даст задаст - акс
Манбаъ таъкид намуд, ки нисбати ронандагони зерин бо моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.
Раёсати ВУД аз шаҳрвандон хоҳиш намудаст, ки дар сурати шоҳиди чунин қоидавайронкунӣ шудан ба мақомоти умури дохилии пойтахт тариқи rvkddushanbe@mail.ru, ё телефон (+99237)221-15-00 хабар диҳанд.