Расулзода ва Ҳамрализода ба саволҳои сармоягузорони араб посух доданд

© Аз ВУХФоруми сармоягузорӣ дар доираи сафари расмии сарвазири Тоҷикистон ба Кувайт
Форуми сармоягузорӣ дар доираи сафари расмии сарвазири  Тоҷикистон ба Кувайт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралаизода дар Кувайт аз имтиёзҳо барои сармоягузорон гуфтанд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар доираи сафари расмии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Кувайт, дар Палатаи тиҷорат ва саноати ин кишвар зери унвони “Фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳамоиш баргузор гардидааст.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода ба Кувайт сафар мекунад

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар оғози чорабинӣ Расулзода роҷеъ ба соҳаи сармоягузорӣ, имтиёзҳо барои сармоягузорон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва дигар паҳлӯҳои ин соҳа дар Тоҷикистон сухан гуфтааст.

Расулзода Валиаҳди давлати Кувайтро ба Тоҷикистон даъват кард

Ҳамчунин, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралаизода дар бораи фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза кардааст.

Робитаҳо тақвият меёбанд: мулоқоти Расулзода бо Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт

Сарвазир ва раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба суолҳои иштирокдорони чорабинӣ ҷавобҳои мушаххас додаанд.

Шайхҳои араб ва оши тоҷикӣ: рӯзҳои фарҳангии Кувайт дар Тоҷикистон - навор

Манбаъ афзуда, ки дар чорабинии мазкур муовини раиси палатаи тиҷорат ва саноати Кувайт Абдулваҳҳоб ал-Ваззон, соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои кувайтӣ ширкат кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0