Қоҳир Расулзода ба Кувайт сафар мекунад

© Sputnik / Максим БлиновПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик ба Кувейт сафар хоҳад кард. Дар ин сафар қарор аст, барномаи рушди гардишгарӣ миёни ду кишвар барои давраи 2020 то 2023 ба тасвиб расад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Бино бар гузориши Авесто, ин хабар дар пайи дидори ахири Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо мақомоти баландпояи ин кишвар эълом шудааст.

Вид на город Эль-Кувейт сверху - Sputnik Тоҷикистон
Тасмими намоиши ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Кувайт

Зубайдулло Зубайдов: Тоҷикистон аз ҳокимият ва истиқлоли Сурия ҳимоят мекунад

Дар дидорҳои ҷудогонаи сафири Тоҷикистон бо Алӣ Сулаймон ал Саъид, муовини вазири хориҷа ва Юсуф Мустафо Абдуллоҳ, муовини вазири иттилооти Кувайт, тарафҳо зимни баррасии раванди ҳамкориҳои кунунии Тоҷикистон ва Кувайт бар зарурати густариши ин ҳамкориҳо дар оянда таъкид карданд.

Шайхҳои араб ва оши тоҷикӣ: рӯзҳои фарҳангии Кувайт дар Тоҷикистон

Зимни дидору гуфтугуҳо ҳамкорӣ дар бахши гардишгарӣ аз мавзуоти меҳварӣ буд.

Қарор аст, дар сафари нахуствазири Тоҷикистон ба Кувайт барномаи рушди гардишгарӣ миёни ду кишвар барои давраи 2020 то 2023 ба тасвиб расад.

Лентаи хабарҳо
0