Сокини Бадахшон барои 1 кг ҳашиш ба 12 соли зиндон маҳкум шуд

© PixabayАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба қочоқчии мавои мухаддир ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 12 сол бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъин гардид

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон, чанде қабл ҳукми як сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро эълон намуд, ки дар қочоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд.

В печи АКН РТ сожгли свыше 370 килограмм наркотиков  - Sputnik Тоҷикистон
Ба рухсатӣ бо нашъа: ҳукми низомии пойгоҳи 201 барои қочоқи маводи мухаддир ба Русия

Манбаъ меафзояд, Додихудоев Гулзорхон истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ, қаблан низ барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор доғи судӣ доштааст.

Ба рухсатӣ бо нашъа: ҳукми низомии пойгоҳи 201 барои қочоқи маводи мухаддир ба Русия

Номбурда ин навбат, аз бозори афғонҳо воқеъ дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ, аз як шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистон бар ивази 2 литр машруботи спиртӣ, 1кг 50грамм маводи мухаддири навъи ҳашиш гирифта, қасди ба пойтахт интиқол намудани онро дошт, - омадааст дар хабар.

Зимнан, Додихудоев дар дидбонгоҳи муваққатии ШБДА дар деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвоз аз ҷониби кормандони бозрасӣ дастгир гардида, маводи нашъадор аз ӯ мусодира шуд.

Дар ҳамин ҳол прокурори ВМКБ нисбати Додихудоев бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои "а,в,г,д" ва 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда кушода, барои баррасӣ онро ба суд ирсол намудаст.

Шаҳрванди 21 солаи Тоҷикистон барои қасди интиқоли героин 8 сол равонаи зиндон шуд

Бо қарор суди ВМКБ, Додихудоев ба ҷазои маҳруми аз озодӣ ба муҳлати 12 сол бо адои ҷазо дар калонияи ислоҳии низомаш сахт маҳкум гардид.

Лентаи хабарҳо
0