Ба рухсатӣ бо нашъа: ҳукми низомии пойгоҳи 201 барои қочоқи маводи мухаддир ба Русия

© SputnikВ печи АКН РТ сожгли свыше 370 килограмм наркотиков
В печи АКН РТ сожгли свыше 370 килограмм наркотиков  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи низомии горнизони Уляновск як хизматчии ҳарбии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро ба 3,5 соли зиндон шартан маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Муфаттишони низомӣ муайян кардаанд, ки хизматчии ҳарбии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон замони хидматаш дар шаҳри Бохтар ҳашиш харида, онро бо худ ба Русия бурдааст.

Российские военнослужащие в Таджикистане навестили дом для детей инвалидов - Sputnik Тоҷикистон
Афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба аёдати кудакони маъюб рафтанд

Ба иттилои Кумитаи тафтишотӣ, маҳкумшуда 6 декабри соли 2018 ҳангоми хидмат дар Бохтар ҳашиш харида, рӯзи дигар онро бо худ тариқи ҳавопаймои хатсайри Душанбе – Самара ба Русия бурдааст.  Манбаъ афзуд, ки низомии Русия маводи мухаддирро барои истифодаи худ аз шахси номаълум харида, ҳангоми рухсатӣ дар борхалтааш ҷо карда, ба Самара бурдааст.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, низомии маҳкумшуда инчунин 8 декабр дар Димитровград тариқи интернет барои бастаи дигари ҳашиш фармоиш додааст, аммо худи ҳамон рӯз боздошт гардид.

Додгоҳи низомии ҳавзаи Уляновск хидматчии мазкурро дар қочоқ ва хариди ҳашиш гунаҳкор дониста, ба 3,5 соли маҳрумият аз озодӣ шартан маҳкум кардааст.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия калонтарин воҳиди хушкигарди ин кишвар дар берун аз он буда, беш аз 7 ҳазор хидматчии ҳарбиро дар бар мегирад. 

Лентаи хабарҳо
0