ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ахиран дар Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят маросими ифтитоҳи Бунёди хайриявии “Хуаксин – Суғд: Ман Тоҷикистонро дўст медорам” доир гардид.
Дар вазъияти тантанавӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарияти музофоти Хубэй ва ширкати “Хуаксин” - и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба фаъолияти фонди хайриявӣ расман ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд, бо ташаббуси роҳбарияти ширкат Фонди хайриявии “Хуаксин – Суғд: Ман Тоҷикистонро дўст медорам” созмон дода шуд, ки минбаъд маблағҳои ҷудо гардида барои ободонӣ, таъмиру тармим ва бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ сарф мегардад.
Манбаъ зикр карда аст, ки дар соли 2019 маблағи бунёд беш аз 1 миллион сомониро фарогир хоҳад буд.