Тоҷикистон содироти сементро ба кишварҳои ҳамсоя афзоиш додааст

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкПроизводство цемента. Архивное фото
Производство цемента. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон айни замон 13 корхона ба истеҳсоли семент машғул буда, иқтидори солонаи онҳо 4,7 млн. тонна арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik.  Тоҷикистон давоми 10 моҳи соли равон ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя дар ҳаҷми умумии 1,1 млн. тонна семент содирот намудааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30дар сад зиёд мебошад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.

Аз ҷумла аз Тоҷикистон 670 ҳазор тонна семент – ба Узбакистон, 423 ҳазор тонна – ба Афғонистон ва 80 ҳазор тонна – ба Қирғизистон содирот шудааст.

Цементный завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Содироти семент аз Тоҷикистон ба Узбакистон 16 маротиба афзуд

Содироти семент ба кишварҳои ҳамсоя аз тарафи ширкатҳои ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент”, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” ва “Чунгтсай Моҳир семент” анҷом дода мешавад.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон давоми 10 моҳи соли гузашта 842 ҳазор тонна ва ҳамин давраи соли 2016 ҳамагӣ 282 ҳазор тонна семент содирот карда буд.

Давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ корхонаҳои Тоҷикистон дар мамӯъ 3,2 млн. тонна семент истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28% зиёдтар мебошад. Давоми 10 моҳи соли 2017 дар ҷумҳурӣ 2,5 млн. тонна семент истеҳсол шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0