ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз 13 ҳазор пиряхе, ки дар кӯҳсори кишвар ҷойгиранд, то имрӯз як ҳазораш нобуд гардидааст.
“Тамоми кишварҳои минтақаи мо аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки метавонад боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба вазъи обу энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад, нигарон мебошанд”, - изҳор доштаст Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ барои ҳалли мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим шаш пешниҳод кардааст.
“Истифодаи васеи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, ки заминаи мусоидро барои рушди иқтисоди “сабз” мегузорад, дастгирии ҳамаҷониба ёбад. Кишварҳои мададрасон ва сохторҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ба татбиқи амалии стратегияву барномаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидати ҳамаҷониба намоянд. Мониторинги мунтазами манбаъҳои пайдошавии захираҳои об, бахусус пиряхҳо, пурзӯр карда шавад”, - изҳор доштаст Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ афзудаст, ки пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди амал қарор гирад. Раисиҷумҳур дар идома хостори кумаки молиявии кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд шудааст.
“Мушкилоти таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати захираҳои обӣ ва роҳҳои пешгирии натиҷаҳои манфии он ба рӯзномаи чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчун масъалаи муҳими рӯз шомил карда шавад. Кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мониторингу ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои захираҳои обӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ кумакҳои молиявӣ ва техникии ҳамаҷониба расонанд”, - омадааст дар феҳрасти пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардаст, ки шарикони байналмилалӣ иқдоми минбаъдаи ҷониби Тоҷикистонро дар ин самтҳо пуштибонӣ хоҳанд кард. Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Аврупо 12 ноябр анҷом ёфт.