Ҳушдори КҲФ: ҳаво то 20 июл то 44 дараҷа гарм мешавад ва дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошед

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПрирода Таджикистана, архивное фото
Природа Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз меҳмонон ва сокинони Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми сафар ба ноҳияҳои наздикӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар истинод ба Маркази обуҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки оғози сеюмин даҳаи моҳи июл (аз 17 то 20 – ум) ҳаво дар кишвар гарму хушк хоҳад шуд.

Бино бар иттилои манбаъ ҳаво дар Тоҷикистон метавонад дар ин рӯзҳо то 44 дараҷа гарм шавад.

Женщины идут с зонтиками спасаясь от солнца - Sputnik Тоҷикистон
Обуҳавошиносон: ҳавои гарм дар Тоҷикистон боз ҳам тафсон мешавад

Дар ҳамин ҳол Кумита таъкид намудааст, ки ба сабаби болоравии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои баландкӯҳ эҳтимоли об шудани барфи кӯҳҳо ва пиряхҳо ва афзудани сатҳи оби дарёҳои Вахш ва Панҷ вуҷуд дорад.

“Бахусус дар болооби дарёҳо, ки дар навбати худ метавонад сабабгори омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг шавад”, - қайд намуд манбаъ. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳангоми сафар ба ноҳияҳои наздикӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум, рустаниҳои шифобахш, чаронидани чорво, шикор ва сайругашт дар куҳҳо ҳушёр бошанд. 

Инчунин, Кумита бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат намудааст, ки қоидаҳои бехатариро ҳангоми истироҳат дар соҳили рӯдхонаҳо, обанборҳо ва  кӯлҳо риоя кунанд. Бачаҳоро беназорат нагузоранд.

Лентаи хабарҳо
0