Ронандаи “Лексус-450” зани солхӯрдаро зер кард

© Sputnik / Амир ИсаевГорная дорога в Таджикистане
Горная дорога в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар деҳаи Зимарғи ноҳияи Айнӣ хабар дод, ки дар натиҷа пиёдагарди 72-сола ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, сонеҳаи нақлиётии маргбор рӯзи 12-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 11:40 рух додааст.

В результате ДТП  погиб мужчина - Sputnik Тоҷикистон
Чор куштаю се маҷруҳи вазнин дар Хатлон: на ҳамаи қурбониҳо шинохта шудаанд

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-450”, Ҷӯраев Мақсуд Абдувоситович, зодаи соли 1984, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки Ҷӯраев дар ҳудуди деҳаи Зимарғи ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи “Лексус”-аш набаромада, пиёдагард Атоева Азизмоҳ, мутаваллиди соли 1947, сокини ҷамоати деҳоти Шамтуҷи ноҳияи мазкурро зер намудаст. 

Ҳалокати се узви як хонавода: шаҳрванди Тоҷикистон танҳо як нафарро аз оташ берун кард

Дар натиҷа, Атоева ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидаст. ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0