ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Суханони президенти Фаронса Эмануэл Макрон дар бораи НАТО, ки гуё “майнаи мурдааст” ҷомеаи Аврупоро ба по хезондааст, иттилоъ додааст РИА Новости.
Вобаста ба ба суханони Макрон ҷомеаи сиёсии Аврупо норозигӣ нишон дода, махсусан намояндагони Олмон ин корро сахт таҳқир кардаанд.
“Вазири корҳои хориҷаи Олмон Хайко Маас рӯзи якшанбе аз НАТО ҳимоя карда аст, ва гуфтаҳои ӯ дар ҳоли ҳозир танқиди сахттарин ба суханони Макрон аз ҷониби намояндагони Олмон мебошанд”, омадааст дар иттилоия.
Матбуоти Британияи Кабир, ки ҳоло машғули интишори маълумотҳо дар бораи баргузор намудани саммити НАТО дар Лондон мебошад равған ба оташи норозиёни суханони Макрон мерезад.
Маҷҷалаи Express нисбати ин масъала суханҳои собиқ мудири НАТО оид ба масоили нақшавӣ, Фабриса Потеро чунин овардааст: “Хуб мешуд агар Макрон мегуфт, ки ҳоло дар бораи он меандешад чигуна яроқи ҳастаии Фаронса Аврупоро метавонад ҳимоя кунад. Аммо албатта, ки ӯ ин суханонро нагуфт. Фаронса ақидаҳои худро дорад, ки чигуна ва дар куҷо бояд яроқҳои ҳастаиашро истифода барад. Чигуна шумо метавонед НАТО-ро танқид кунед, агар худ ягон ҷойгузине пешниҳод накардает?”
Маҳз ин айбдоркуниҳо ба сӯи Макрон аз ҷониби ашхоси баландмақоми НАТО метавонанд ҷавоб ба саволҳои онҳое бошанд, ки мехоҳанд сабаби муқобилиятҳо миёни Фаронса ва Брюселро донанд.
Ба гуфтаи Макрон Амрико ба ҷои адои вазифаҳои худ дар сарзамини Сурия корҳои низомӣ анҷом додаистодааст.
Чихеле, ки қаблан иттилоъ дода будем мақомоти Амрико кӯшиш карда истодааст, ки ҳудуди Сурияро ба ду ҷузъ тақсим кунад, то ки дар соҳилҳои шарқии дарёи Фурот “давлати нав” созмон ёбад, гуфта буд Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия дар форуми сулҳи Париж.
“ИМА аз кишварҳои Халиҷи Форс талаби сармоягузорӣ кардааст, то дар ин қисмати Сурия дар асоси қувваҳои демократии кишвар, курдҳо – гуруҳҳои мудофеи халқӣ маъмурияти маҳалӣ созмон диҳаду минтақаҳои нафтии ин маҳалро идора кунад”, - гуфт Вазир.
Ёдовар мешавем, ки тайи 8 сол аст дар қаламрави Сурия ҷанги хонумонсӯз рафта истодааст, ки даҳшати он як қисмати аҳолии ин кишвар ба дигар мамлакатҳо муҳоҷир шуданд. Ин ҷанг аз худ ҳалокати зиёд низ боқӣ гузошт.
Вазъ дар Сурия дар аввалҳои моҳи октябр баъди эълони роҳбари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз баргузории амалиёти “Сарчашмаи сулҳ”, ки бар муқобили курдҳо равона шуда буд муташаниҷ гашт.
Амрико бошад дар навбати худ нахост дар амалиёти мақомоти Анқара шарик шавад ва эълони баровардани низомиёни худ аз хоки Сурияро кард.
Аммо баъдан Трамп эълон кард, ки як қисмати низомиёнаш дар Сурия мемонанд, то ки мавзеъҳои дорои нефтро аз ҷангиёни ДОИШ ҳимоя кунанд. Ба гуфтаи ӯ вақти он омадааст, ки курдҳои Сурия ба минтақаи нефтхези кишвар биёянд, чунки ба онҳо пул лозим аст.
Мувофиқи созишнома бо Амрико маҷомоти Анқара аз амалҳои ҷангияш дар Сурия даст кашид.
Бояд гуфт, ки саммити таърихии НАТО моҳи декабр дар Лондон баргузор мегардад.