Бордюжа: СПАД бо НАТО ҷанг намекунад, вале аз ҳамла хавф надорад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкДабири кулли СПАД Николай Бордюжа. Акс аз богйонӣ
Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа. Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дабири кулл чунин ақида дорад, ки барои кишварҳои аъзои СПАД мухолифат кардан бо алянс маъно надорад, вале тамринҳоро бо мақсади вокуниш ба душмани шартӣ набояд бекор кард.

ДУШАНБЕ, 7 сен —Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар нақша надорад, ки бо НАТО низоъи мусаллаҳона дошта бошад, изҳор дошт дар нишасти матбуотии РИА Новости дабири кулли СПАД Николай Бордюжа.

Дар баробари ин ӯ қайд намуд, ки СПАД аз ҳамлаи алянс хавф надорад.

Омӯзишҳои СПАД.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сербия мехоҳад дар омӯзишҳои низомии СПАД иштирок кунад

Моҳи август дар машқҳои муштараки вокуниши саривақтӣ "Ҳамкорӣ-2016", ки аз ҷониби СПАД дар вилояти Псков баргузор карда шуд, тавассути алоқаи радиоӣ ба душмани шартӣ бо даъват ба нерӯҳои НАТО бо чанд забони аврупоӣ  фаромни "таслим шавед" дода шуд. Ба қавли Бордюжа на СПАД ва на Русия фикри ҳамла ба НАТО-ро надоранд.

"Ба фикри ман Путин дақиқ гуфт: ҷангидан бо НАТО бароямон маъное надорад ва лозим ҳам нест, барои чӣ? Мақсад чист? Мо аз онҳо чӣ мехоҳем? Мо дар сарзамини худ зиндагӣ мекунем ва ҳамааш хуб аст",-изҳор дошт дабири кулли СПАД.

Истифодаи алоқаи радиоӣ бошад, бо рақиби шартӣ, ки ҳангоми машқҳои муштарак истифода шуда буд, танҳо "шухӣ" буду бас, бовар кунонд Бордюжа.

Дар баробари ин зимни посух гуфтан ба саволи оё НАТО хоҳиши ҳуҷуми ногаҳонӣ ба Русияро надорад, Бордюжа гуфт: "Агар ногаҳонӣ бошад, чуноне мегӯянд маҳз барои ҳамин ҳодисаҳои ногаҳонӣ мо СПАД-ро омода месозем…".

Лентаи хабарҳо
0