Лавров: Амрико мехоҳад Сурияро ба ду қисм ҷудо кунад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ақидаи дипломати рус, кӯшишҳои ИМА ин талаю тороҷи Сурия ва зери тасарруфи худ даровардани минтақаҳои дорои нафти ин кишвар мебошанд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Мақомоти Амрико кӯшиш карда истодааст, ки ҳудуди Сурияро ба ду ҷузъ тақсим кунад, то ки дар соҳилҳои шарқии дарёи Фурот “давлати нав” созмон ёбад, гуфт Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия дар форуми дуюми ҷаҳонӣ дар Париж.

Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон
Лавров дар бораи таниши тоҷикону қирғизҳо, нияти Русия ва нақшаи Аврупо

“ИМА аз кишварҳои Халиҷи Форс талаби сармоягузорӣ кардааст, то  дар ин қисмати Сурия дар асоси қувваҳои демократии кишвар, курдҳо – гуруҳҳои мудофеи халқӣ маъмурияти маҳалӣ созмон диҳаду минтақаҳои нафтии ин маҳалро идора кунад”, - гуфт Вазир.

Лавров ҳамчунин таъйид кард, ки Амрико аз кишварҳои минтақа талаб кардааст, ки барои барқарор намудани Сурия ва махсусан маҳалҳое, ки таҳти идораи мақомоти Димишк қарор доранд сармоягузорӣ накунанд.

“Мо дар якҷоягӣ бо ҳукумати Сурия кӯшиш мекунем, ки ин кишварро ба ҳолати аввалааш барқарор намоем ва ҳарчӣ барои навсозӣ ва баргардонидани гурезаҳо лозим аст мекунем, то ки кишвар ба ҳолати хуб баргардад”, - гуфт вазири умури хориҷаи Русия. 

Лавров ҳамчунин ёдовар шуда буд, ки кӯшишҳои ИМА, ки ин талаю тороҷи Сурия ва зери тасарруф худ даровардани минтақаҳои нефтии он мебошанд оқибати хуб надоранд.

Ҷанг дар Сурия

Тайи 8 сол аст дар қаламрави Сурия ҷанги хонумонсӯз рафта истодааст, ки даҳшати он як қисмати аҳолии ин кишвар ба дигар мамлакатҳо муҳоҷир шуданд. Ин ҷанг аз худ ҳалокати зиёд низ боқӣ гузошт.

Лавров заступился за Sputnik и RT - Sputnik Тоҷикистон
Ҳимояти Лавров аз RT ва Sputnik - видео

Вазъ дар Сурия дар аввалҳои моҳи октябр баъди эълони роҳбари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз баргузории амалиёти “Сарчашмаи сулҳ”, ки бар муқобили курдҳо равона шуда буд муташаниҷ гашт.

Амрико бошад дар навбати худ нахост дар амалиёти мақомоти Анқара шарик шавад ва эълони баровардани низомиёни худ аз хоки Сурияро кард.

Аммо баъдан Трамп эълон кард, ки як қисмати низомиёнаш дар Сурия мемонанд, то ки мавзеъҳои дорои нефтро аз ҷангиёни ДОИШ ҳимоя кунанд. Ба гуфтаи ӯ вақти он омадааст, ки курдҳои Сурия ба минтақаи нефтхези кишвар биёянд, чунки ба онҳо пул лозим аст.

Мувофиқи созишнома бо Амрико маҷомоти Анқара аз амалҳои ҷангияш дар Сурия даст кашид. 

Лентаи хабарҳо
0