ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Қаблан консерти ин овозхон, ки рӯзи якшанбе, 10 ноябр, мебоист дар шаҳри Турсунзода баргузор мегардид, низ лағв шуда буд.
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли сокинони ин шаҳр мегӯяд, ки Севинч ба сабаби маризӣ натавонистааст ба Тоҷикистон ояд, аз ин хотир, чорабинӣ лағв шуд.
Худи овозхон дар саҳифаҳои расмиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ба ҳол дар ин бора шарҳе ироа накардааст.
Як сокини Панҷакент ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, садҳо нафар мухлиси овозхони узбак, ки чипта харидорӣ карда буданд, низ дар назди даромадгоҳи варзишгоҳи Панҷакент ҷамъ шуданд, аммо бо сабабҳои номаълум консерти мазкур баргузор нашуд.
"Танҳо ба мо гуфтанд, ки консертро гӯё Ислом Зиёзода, раиси шаҳри Панҷакент иҷозат надодааст. Дар варзишгоҳ касе нест, моро ҳам огоҳ накарданд, ки консерт баргузор намешавад", - гуфт ин манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, масъулини ҳукумати шаҳри Панҷакент ба Sputnik гуфтанд, ки аз баргузории ин консерт хабар надоранд ва сабаби баргузор нашуданаш низ барояшон маълум нест.
Ба қавли сокинони шаҳри Панҷакент, қариб 20 рӯз ба ин сӯ эълони консерт дар радиову телевизиони маҳаллӣ пахш мешавад ва овезаҳо ҳам дар шаҳру деҳот насб шуда буданд.