Маризӣ ё амният? консерти Севинч дар шаҳри Турсунзода баргузор нашуд

© instagram / Sevinch Mo'minovaУзбекская артистка Севинч Муминова, архивное фото
Узбекская артистка Севинч Муминова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Консерти Севинч Мӯъминова, овозхони маъруфи Узбакистон, ки қарор буд, бегоҳи рӯзи якшанбе, 10 ноябр, дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода баргузор шавад, лағв гардид

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Масъулони баргузории ин консерт ба соҳибони чипта дар варзишгоҳ эълон кардаанд, ки Севинч бо сабаби маризӣ натавонистааст ба Тоҷикистон ояд, аз ин хотир, чорабинӣ лағв мешавад.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
Нашри видеои савгандёдкунӣ: “ДОИШ” гуфт, инҳо муҳоҷимон ба марзи Тоҷикистонанд

Як сокини Турсунзода зимни тамоси телефонӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баргузоркунандаи ин консерт як тоҷири маҳаллӣ буда, билетҳои консертро ду ҳафтаи қабл ба кормандони идораҳои давлатӣ ва мухлисони қатории Севинч фурӯхта буд. Вай афзуд, ҳар билет 20 сомонӣ қимат дошт ва ташкилкунандагон тақрибан ба беш аз 1000 нафар пулашонро гардонда доданд.

Худи овозхон дар саҳифаҳои расмиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ба ҳол шарҳе надодааст.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин хабар пахш шуд, ки сабаби баргузор нашудани консерти Севинч Муъминова дар шаҳри Турсунзода вазъи амниятӣ буда, ба амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон алайҳи ҷангиёни гурӯҳи худхондаи ДОИШ рабт дорад. Ба қавли сокинони шаҳр, рӯзи шанбе, 9 ноябр дар атрофи шаҳри Турсунзода шумораи посгоҳҳои амниятӣ зиёд буд ва мошинҳое, ки ба шаҳр равуо мекарданд, мавриди тафтиш қарор мегирифтанд, аммо бархӯрди милисаҳо бо мардум хеле муаддабона будааст. “Милисаҳо ва сарбозони нерӯҳои махсус, ки либосҳои хоси ОМОН-у СОБР ва дигар навъъи нерӯҳоро бар тан доштанд, ҳамагӣ мусаллаҳ буданд. Ба назар мерасид, онҳо афроди хатарнокеро ҷустуҷӯ доштанд” – мегӯяд сокини шаҳри Турсунзода.

Боевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлаи террористӣ ба постгоҳи марзии Тоҷикистон ин қасам ба халифаи нав буд

Бино ба ин манобеъ, дар кӯчаҳои шаҳр низ теъдоди кормандони милиса зиёд шуда, афроди машкук мавриди бозрасӣ қарор мегирифтанд. Ҳамчунин аз баста шудани нуқтаи убури сарҳади Тоҷикистону Узбакистон дар Пахтаободи Турсунзода ва Сариосиёи Сурхондарё хабар дода мешавад.

Расонаҳои мустақил аз шиддат гирифтани чораҳои амниятӣ дар шоҳроҳҳои бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла “Душанбе – Турсунзода”, “Душанбе – Чаноқ” ва “Душанбе – Рашт” низ хабар доданд. Дар роҳи “Душанбе – Чаноқ” теъдоди посгоҳҳо зиёд шуда, мошинҳо тафтиш мешуданд.

Ҳоло мусофирони ин хатсайрҳо мегӯянд, ки теъдоди посгоҳҳо коҳиш ёфтаанд. Мақомоти расмии Тоҷикистон то ба ҳол дар шарҳи афзудани чорабиниҳои амниятӣ дар саросари кишвар чизе расман нагуфтаанд, аммо нозирони аҳвол бар инанд, ки ин ҳама ба ҳамлаи афроди ниқобдори мусаллаҳ ба посгоҳи “Ишқобод” дар марзи Тоҷикистону Узбакистон рабт дорад ва мақомот бақоёи ин гурӯҳро таъъқиб мекунанд.

Пограничники на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон
Вакили Думаи давлатӣ: "Доиш"-иҳо метавонанд тариқи Тоҷикистон ба Русия оянд

Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин афродро мансуб ба гурӯҳи худхондаи террористии ДОИШ эълон кард. Худи созмони террористӣ ҳам таъйид намуд, ки онҳо ба ин гурӯҳ мансуб ҳастанд. Зимни ин ҳамла, ба иттилои расмӣ, ду низомӣ – яке корманди милиса ва дигарӣ, афсари марзбонӣ кушта шуданд. Расонаҳои мустақил теъъдоди кушташудагон аз неруҳои амниятии Тоҷикистонро 5 нафар ҳисоб кардаанд. Худи ДОИШ даъво кардааст, ки 10 сарбозу афсари тоҷикро ба ҳалокат расондааст. Мақомот мегӯянд, аз гурӯҳи террористӣ 15 нафар кушта ва 4 нафар боздошт шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ин гурӯҳи террористӣ аз қаламрави Афғонистон бо супориши махсус ворид шуда, даст ба чунин ҳамлаи террористӣ задааст.

Лентаи хабарҳо
0