Назарбоев сабабҳои аслии ошӯб дар марзи Тоҷикистонро гуфт

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкНурсултан Назарбаев, архивное фото
Нурсултан Назарбаев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Назарбоев гуфт, ки ба далели мушкилоти ҳалношудаи марзӣ, дар Осиёи Марказӣ тадриҷан муноқишаҳо сар мезананд ва одамон ҷон аз даст медиҳанд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар нишасти панҷуми Astana Club дар шаҳри Нурсултон гуфт, ки бархе аз кишварҳои Осиё Марказӣ масъалаҳои ҳалношудаи марзӣ ва тиҷоратӣ доранд, менависад Sputnik Қазоқистон.

"Миёни Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон масоили ҳалношуда ҳаст. Минтақаҳои хурд, ин масъалаҳоро бояд бо роҳи сулҳ мувофиқа кард. Муноқишаҳо сар мезананд, мардум мемирад", - қайд кард Назарбоев.

Холиқназаров: ҳадафи ҷангиёни ДОИШ роҳ ёфтан ба Узбакистон буд

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабдаҳ кушта: ҳамла ба дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон-акс

Назарбоев ҳамчунин дар бораи сиёсати пешгирифтаи кишвардори Узбакистон гуфта, қайд кард, ки Шавкат Мирзиёев ҷонибдори тироҷати озод ва муносиботи дӯстона миёни давлатҳост.

Назарбоев ҳамчунин хабар дод, ки дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 27 ноябри соли равон дар Тошканд баргузор хоҳад шуд.

Ҳамлаи террористӣ ба постгоҳи марзии Тоҷикистон ин қасам ба халифаи нав буд

Дар баробари ин Назарбоев дар нишасти Astana Club пешниҳод кард, ки Куреи Шимолӣ ва Ҷанубӣ низ ба муколама пайванданд ва эҳтимоли пайвастани Афғонистонро ба Иттиҳоди иқтисодии УрОсиё шарҳ дод.

Коршинос: пайвастшавии Узбакистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба нафъи ҳама аст

"Ҳоло дар бораи пайвастани Афғонистон ба ИИУО сухан кардан имкон нест. Чун он ҷо чунин шароит вуҷуд надорад. Ба Афғонистон устуворӣ лозим аст", - посух дод Назарбоев.

Ёдовар мешавем, ки охирин дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи март баргузор шуд.

Он замон кишвардорон - Эмомалӣ Раҳмон, Сооронбой Жээнбеков, Шавкат Мирзиёев ва ҳамчунин раиси парлумони Туркманистон Акҷа Нурбердиев дар Нурсултон машварат карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0